Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Шотландия: Ҳиҷоб либоси расмии милиса интихоб шуд.

Дар Шотландия ҳиҷоб ҷузъи интихобӣ аз либоси полис шуд. Ин тасмим ба хотири ташвиқи занони мусалмони Шотландия пайвастан ба корҳои низомии кишвар мисли дигар табақаи ин кишвар мебошад. Пештар аз ин милисазанҳои мусалмони Шотландия ҳуқуқ доштанд, ки дар сар рӯймолчаи секунҷаи начандон калонро андозанд,  ҳамакнун ҳукумат ҳиҷобро чун ҷузъи асосии либоси милисагӣ барои занҳоро  қабул намуд.Пулиси  Шотландия мегӯяд, ки ин тасмим ба он далолат мекунад, нигоҳи мо ҳомиёни ҳуқуқ ба тамоми қишри ҷомеа ягона ва одилона аст, новобаста аз он ки онҳо мусалмонанд ё католик ва ё будпараст.Ин тасмим ба таври расмӣ аз сӯйи мақомоти пулиси Шотландия изҳор карда шуд, ва аз сӯйи Асотсиатсияи Мусалмонони SPMA бо хушнудӣ  пазируфта шудааст. Асотсиатсия мазкур мегӯяд, ки аз соле, ки он фаъолият дорад, яъне аз соли 2011 ба инҷониб онҳо кӯшиши зиёд намудаанд, мардум ба мусалмонон бо назари нек бингарад ва ҳамакнун ки пулиси давлате чун Шотландия чунин тасмими баланд бардоштани ҳуқуқи мусалмононро дар ҷомеае, ки бештари аҳолияш ғайримусалмонанд гирифтааст қобили ситоиш ва пайравист.Сарони пулиси Шотландия констебл Фил Гормли  зимни суханронияш бо хушнуди гуфтааст: « Ман хеле хурсанд аз онам ,ки ин изҳоротро ба таври расмӣ аз номи кулли кормандони милитсияи Шотландия ба шумо расонидам. Маро бештар аз ҳама дастгирӣ ва сипосномаи Асотсиатсияи мусалмонони Шотландия хушнуд намуд. Умед дорам, ки дигар қишри ҷомеа низ ин тасмими моро мисли табақаи мусалмонони кишвари азизамон хуш қабул хоҳанд намуд».

 

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.