Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Си Ҷинпин аз мусалмонон узр ва дуо хост (Видео)

Президенти Чин Си Ҷинпин ба Масҷиди “Ниюӣ”-и Пекин ташриф оварда аз мусулмонони кишвар узр ва як каф дуо талаб кард. Дар ин бора телевизиони CCTV + хабар медиҳад.

Бино ба иттилои манбаъ, президент аз мусалмонон хоҳиш кардааст, ки барои шифо ёфтани нафарони ба каронавирус мубтало гардида, дуо кунанд.

Бояд гуфт, ки коронавирус дар Чин рӯз аз рӯз доман паҳн карда нафарони зиёдеро ба ками худ кашидааст. Чунин ба назар мерасад, ҳукумати Чин то ҳол илоҷи табобати вирусро пайдо накардааст. То ба имрӯз шумораи нафароне, ки аз коронавирус дар Хитой сироят ёфтаанд, ба 28018 нафар расида, 563 тани дигар фавтидаанд.

Маврид ба зикр аст, ки ҳукумати Чин барои пешгирии вирус тамоми чораҳоро андешида истотааст, ҳатто ҳукумат барои мубталоёни вирус дар давоми 10 рӯз беморхонае бо ғунҷоиши 1000 ҷойи хоб сохта ба истифода дод, ки чунин зуд сохтани беморхонаи бузургу замонавӣ давоми 10 рӯз ҷомеаи ҷаҳониро ҳайратзада намуд. Аммо тавре ба назар мерасад, ин ҳама кӯшиш барои пешгирии вирус дар Чин мусоидат накард.

Ҳоло раисҷумҳури Чин ба як масҷиди маҳаллӣ ташриф оварда, аз мусулмонон даъват мекунад, ки  бораи пешгири кардани паҳншавии вирус дуо кунанд.

-->

Шарҳ

2 шарҳ вуҷуд дорад
  1. Шамсиддин 06.02.2020 19:34

    Бародаро авал як чиза муаян кунен бад дар интернет гузоред ин видеора чансол шудаги бад видео Си Чинпин аз дигар канал аст ва видео аз Гонконг мондаги аз дигар канал шумо дар хамин редаасиятон анализ мекардаги хаминхел масъалахора мурдагиай ё акл надора авал якбор бина ки хамин ростай ё не мардума фиреб карда ба рохои фикриву хаёли мебарен айб аст ба фикрам кори хуб нест.

  2. Синочони Точик 06.02.2020 20:55

    Ин ахбор аз кадом бесавод аст ё кадом бесавод инро навиштаст!
    Бояд гуфт, ки коронавирус дар Чин рӯз аз рӯз доман паҳн карда нафарони зиёдеро ба ***ками ***худ кашидааст.(КОМИ)
    Чин барои пешгирии вирус тамоми чораҳоро андешида ***истотааст**
    ВОЙ БАР ХОЛИ МО КИ ЧУНИН ХАБАРНИГОРХОЕ ДОРЕМ!!!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.