Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Сиёсатмадорони амрикоӣ: Магар фаластиниён ягон ҳуқуқ надоранд?

Айни замон баъзе сиёмадорони Вашингтон амалиëтҳои ҷангии Исроилро танқид мекунанд дар ин бора хабаргузории расмии Кун. Уз хабар додааст. Ба қавли манбаъ: рӯзноманигор Беҳзод Мамедов, ки дар Амрико фаъолият мекунад дар саҳифаи Фейсбукияш изҳор доштааст, ки “дар байни сиëсатмадорони Амрико танқид кардани давлати Исроил он тараф истад, то имрӯз ҳатто, ҳукумати мавҷудаи онро зери суол гузоштан имконнопазир будАммо ҳоло якчанд сиëсатмадорон назари манфии худро нисбати сиёсати исроилиëн баëн намуданд.”

Ҳафтаи гузашта яке аз қонундонҳои мусулмонии Конгресс Рашида Толиб дар палатаи вакилон баромад намуда, “раванди давлатдории Исроилро апартеид” номид. Ӯ номаи як модари фаластиниро бо ашки чашм хонд : “Имрӯз бо фарзандонам, дар як хона хоб кардем, хостем агар ҳалок шавем якҷоя бимирем. То аз байнамон касе зинда намонаду барои ҳалокшудакон азоб накашад”. Инчунин номбурда дар саҳифаи Твиттери худ раисҷумҳури Амрико Ҷо Байденро танқид намуда навиштааст, ки ” Агар оташбасро хоҳед, пеши роҳи шӯрои амнияти ИДМ – ро нагиред ва онҳоро тарафдорӣ намоед. Роҳбари раванди апартеид Нетаняҳу ба сухани хуб гӯш намедиҳад. Ӯ ҷинояти ҷангӣ содир карда, ҳуқуқи башарро рӯйрост поймол менамояд” навиштааст ӯ.

Ахиран демократхоҳ сенатор Берни Сандерс ҳам дар нашрияи New York Times сиëсати Амрикоро танқид кардааст: “Исроил ба ҳимояи ҳуқуқи худ соҳиб аст инро медонем. Лекин фаластиниҳо ҳуқуқ надоранд? Чаро дар ин бобат касе ҳарф намезанад” баëн намудааст ӯ. Сандерси яҳудитабор сабаби танишҳоро ракетаҳои партобшудаи Ҳамос не, балки қувват гирифтани зулми Исроил номидааст. Инчунин ӯ таъкид доштааст, ки “ҳар сол қариб ба миқдори чор миллиард кӯмаки ҳарбӣ гирифтани Исроилро аз нав дида баромадан лозим ва аз тарафи ИМА дастгирӣ ëфтани ҳуқуқвайронкуниҳоро ғайриқонунӣ” номидааст Берни Сандерс.

Боз як демократхоҳ Александр Окасио Кортес, Амрикоро ба дурӯягӣ айбдор намудааст. Вай дар тваиттери худ навори тахрибшудаи Ғазоро нишон дода “инҳо ҳама бо ëрдами Амрико сурат гирифтанд. ИМА ба оташбаси ИДМ вето мегузорад. Ҳукумати Байден ба иттифоқчии худ зиддият нишон дода натавонад ба кӣ нишон медиҳад? Пас боз чи гуна даъво кард, ки ҳуқуқи инсонро ҳимоя мекунем” гуфта навиштааст ӯ. Ҳамчунин дар дигар твиттери худ “Давлатҳои аппартеид давлати демократӣ нест” бо ин ӯ ақидаи “Исроил демократтарин давлат” буданашро рад кардааст.

Намояндаи дигари Конгресс демократхоҳ Илҳан Умар аз зикр нашудани фаластиниëни ҷабрдида дар нутқи Байден изҳори нигарони карда, чунин навиштааст: “Чаро рейдҳои дар Ал – Ақсо гузашта, ҳуҷумҳои ҳавоӣ, ба қатл расидани 13 тифли бегуноҳ зикр нагардид. Шумо ба ҳуқуқҳои инсон таваҷҷӯҳ намедиҳед ва ҷараëни мустабидро тарафдорӣ менамоед” навиштааст ӯ.

Ин изҳорот ба тайғир хӯрдани сиëсати Амрико таъсир мерасонад? Шояд дар ояндаи наздик ягон дигаргунӣ рух надиҳад, аммо, “ҳимояи доимие, ки бе ягон шарт ба Исроил мерасад” рӯзе итмом хоҳанд ëфт зикр шудааст дар манбаъ.
Айни ҳол миëни давлатҳои Исроил ва Фаластин оташбас эълон шудааст, ки аз ҷониби кишварҳои дигар хуб пазируфта шудааст.

Абдуғаффор Шодиев

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.