Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Созиши махфиёнаи Русия ва Амрико дар бораи Сурия

Яке аз раисони ҳизби БААС-и Сурия фош кард, ки наздик ба 4 моҳ қабл роҳбарони Русия ва Амрико бо ҳам вохӯрда, барои ҳалли мушкилоти минтақа бо якдигар ба созиш расидаанд.

Бинобар гуфтаи ин мабаъ, дар ин музокирот ҳар ду ҷониб ба хулосае омадаанд, ки идомаи вазъияти феълии Ховари Миёна метавонад ҷанги ҷаҳонии сеюм ё чизе шабеҳ ба онро ба вуҷуд биоварад, ки он ба манфиати ҳеҷ ҷонибе нахоҳад буд. Бо ин сабаб онҳо қабул кардаанд, ки ташкили ҷаласа диҳанд ва пушти дарҳои баста ба баррасии вазъияти Ховари Миёна ва ҳамчунин ҳалли мушкилоти он пардозанд.

Ин раиси олирутбаи ҳизб гуфт, ин ҷаласаҳо дар замони ҳалли парвандаи атомии Эрон, шиддати фаъолиятҳои Русия дар Сурия ва оғози талошҳо барои ҳалли буҳрони Сурия, Яман, Ироқ ва Лубнон анҷом шудааст.

Изҳороти ин мақоми баландпояи суриягӣ замоне бӯйи воқеият ба худ мегирад, ки наздик ба се моҳ пеш дар ВАО омад, ки Ҳенри Киссенҷер, собиқ вазири умури хориҷаи Амрико ба Русия сафар кард ва пас аз дидор бо Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия дар Кремл ба хабарнигорон гуфт: «Вазъияти ҷаҳон хатарнок аст ва бо идомаи ин раванд, эҳтимоли вуқӯъи ҷанги ҷаҳонии сеюм дур аз интизор нест».

Ин мақоми суриягӣ мегӯяд, баъд аз музокироти тӯлонӣ ба иттифоқи назар омадани тарафҳои русӣ ва амрикоӣ, ки дар онҳо ба тамоми ҷузъиёт пардохта шуд ва соатҳо ба тӯл анҷомид, натиҷаҳои зерин ба даст омад:

Яман барои Арабистон

Ду тараф ба созиш расиданд, ки Яман таҳти нуфузи Арабистон қарор бигирад ва ҳарфи охирро дар ин кишвар арабистониҳо бизананд. Яман «ҳаёти хилват»-и Арабистон аст ва бо таваҷҷуҳ ба ҷанги яксолае, ки дар он роҳ андохта ва хазинаҳои калоне, ки бар сари он кардааст, бадеҳӣ аст, ки ба дунболи ҳифзи ин кишвар барои манфиатҳои худ аст. Тибқи ин созиш, Арабистон бояд барои ҳалли мушкили Яман хостаҳои Эронро низ дар назар бигирад ва барои ҳифзи оромиш дар он, манфиатҳои ҳусиҳо ва кишвари мавриди ҳимояти онҳо, яъне Эронро низ дар назар дошта бошад. Барои ҳамин аст, ки акнун шоҳиди эъмоли оташбас дар марзҳои Яман ва Арабистон ва оғози музокирот барои тақсими қудрат дар ин кишвар ҳастем.

Арабистониҳо талош доранд, ки назари мусбати ҳусиҳо ё Ансоруллоҳро ба самти худ ҷазб кунанд ва бо додани имтиёзҳое ба онҳо, манфиатҳои худро дар Яман ҳифз кунанд. Барои ҳамин интизор меравад, зарфи рӯзҳои оянда рафта-рафта оромиши бештаре бар Яман ҳоким шавад ва расман ҷанг дар ин кишвар поён ёбад.

Сурия барои Русия

Амрикоиҳо қабул кардаанд, ки Русия дар Сурия ҳарфи охирро бизанад. Дар айни ҳол, қабул кардаанд, ки дигар ба фикри тақсими Сурия набошанд ва ваҳдат ва якпорчагии онро ба расмият бишносанд.

Ба ин тартиб, Амрико бо тарҳҳо ва муодилаҳои пешниҳод кардаи Русия дар Сурия то он ҷо, ки ба манфиаташ осеб назанад, ҳамроҳӣ хоҳад кард, даст аз талошҳо барои сарнагунии Башор Асад бархоҳад дошт ва барои ҳалли буҳрони Сурия аз тариқи роҳи ҳалли сиёсӣ талош хоҳад кард. Ҳамчунин, талош хоҳад кард, то мухолифони суриягиро пойи мизи музокира биншонад ва онҳоро водор кунад, ки бо Башор Асад ба тавофуқи ниҳоӣ бирасанд ва ба буҳрони ҳоким бар ин кишвар, ки беш аз панҷ сол ба тӯл анҷомидааст, поён диҳанд.

Дар ҳамин росто аст, ки шоҳидем рӯйкарди кишварҳои урупоӣ нисбат ба Сурия тағйир карда ва ҳатто дар озодсозии Полмиро аз дасти ДОИШ, ки бахши густурдае аз хоки Сурияро то марз бо Ироқ ба контроли артиши Сурия даровард, ба давлати Сурия табрик гуфтанд ва онро пешрафти бузург тавсиф карданд. Аз ин рӯ, манфиатҳои Эрон низ бояд дар Сурия лиҳоз шавад. Гуфта мешавад, созиш бо Эрон дар Сурияро амрикоиҳо ба русҳо супурдаанд.

Лубнон барои Эрон

Созиш шудааст, ки Эрон ҳарфи охирро дар Лубнон бизанад ва Ҳизбуллоҳ дасти бартарро дар тамоми умури Лубнон дошта бошад. Амрикоиҳо гуфтаанд, ки бо таваҷҷуҳ ба бардоштани таҳримҳо, созиши атомӣ ва супурдани парвандаи Лубнон ба Эрон ва ҳифзи қудрати Ҳизбуллоҳ дар ин кишвар, имтиёзи қобили таваҷҷуҳе ба эрониҳо додаанд.

Ба ҳамин далел аст, ки арабистониҳо дар ҳоли хуруҷи сармояҳо ва костан аз нуфузи худ дар Лубнон ҳастанд; чаро ки ба ин бовар расидаанд, ки дигар кори онҳо дар ин кишвар тамом шуда ва дигар ҷое барои онҳо нест. Ҳатто ворид кардани Ҳизбуллоҳ дар феҳристи гурӯҳҳои «теруристӣ»-и худ ва фишор ба Шӯрои ҳамкории Халиҷи Форс ва Иттиҳодияи Араб барои анҷоми коре мушобеҳ низ, дар ҳамин росто сурат гирифта, то аз як сӯ хашми худро нисбат ба Лубнон ва ин ки дигар ҷое дар он надоранд, нишон диҳанд ва аз сӯйи дигар вонамуд кунанд, ки ба таври комил мехоҳанд чизу чораи худро аз Лубнон ҷамъ кунанд ва иртиботи худро бо онҷо қатъ кунанд. Дар ҳамин росто буд, ки Арабистон кумаки молӣ-низомии 4 милёрд долларии худ ба Лубнонро низ лағв кард.

Ироқ барои Амрико

Амрикоиҳо тасмим гирифтаанд дубора ба арсаи сиёсӣ ва низомӣ ва амниятии Ироқ бозгарданд. Дар ҳоле, ки дар расонаҳо гуфта мешавад неруҳои амрикоӣ дар Ироқ, ки ба исми «мусташорони низомӣ» вориди ин кишвар шудаанд 3500 нафар аст, афроди огоҳ ба сайти “Irdiplomacy гуфтанд, ки ин рақам дар ҳоли ҳозир 6 ҳазор нафар аст, дар ҳоле ки амрикоиҳо намехоҳанд ин рақам дар расонаҳо нашр шавад.

Ба ин тартиб, амрикоиҳо дар ҳоли бозгардондани чеҳраҳои либероли наздик ба худ ба Ироқ ҳастанд. Имод ал-Хирсон, аз чеҳраҳои наздик ба Пентагон, ки робитаҳои наздики наздик бо амрикоиҳо дорад, ба Ироқ бозгаштааст. Амрикоиҳо ҳамчунин дар ҳоли музокира бо Лайс Кубба, аз дигар чеҳраҳои наздик ба худ ҳастанд, то онҳоро низ ба Ироқ бозгардонанд. Ҳамчунин, гуфта мешавад давлати технократие, ки Ҳайдар Ибодӣ ахиран ба порлумон муаррифӣ кардааст, беш аз ҳама мавриди таъйиди амрикоиҳо ва интихобшуда аз миёни афроди наздик ба онҳост. Алӣ Алловӣ, ки дар даврони Моликӣ аз Ироқ ба Амрико рафт, низ дубора ба Ироқ бозгашта ва дар ҳоли ҳозир дар давлати технократи Ибодӣ ба порлумони Ироқ ба унвони вазири дороӣ интихоб шудааст.

Ҳамчунин, амрикоиҳо таъкид кардаанд, ки бояд якпорчагии Ироқ ҳифз шавад ва дигар ба ҳеҷ ваҷҳ ба фикри тақсими он нестанд. Дар ҳамин росто, бархӯрдҳои ҷиддӣ бо истиқлолталабии курдҳо шуда то он ҷо, ки Барак Обама, раисиҷумҳури Омрико, бо сафари Масъуд Боризонӣ ба Иёлоти Муттаҳида мухолифат карда ва бисёре аз мақомоти амрикоӣ низ тамосҳои мақоми курдро бепосух гузоштаанд.

Бо ин ҳол, амрикоиҳо гуфтаанд дар Ироқ қудрати дуввумро баъд аз худ Эрон медонанд ва қатъан талош мекунанд, дар тамоми умур худро бо Эрон ва манфиатҳои он танзим кунанд.

Сари бекулоҳи Туркия

Дар ин миён, Туркия ҳеҷ манфиате аз «торти Ховари Миёна» набурдааст; масъалае, ки бо бархӯрдҳои сарди мақомоти амрикоӣ аз ҷумла Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико бо Раҷаб Тайиб Ардуғон, раисиҷумҳури Туркия, беш аз пеш худро нишон додааст. Туркҳо ба таври ғайримустақим эътироф доранд, ки дар гуфтугуҳои минтақавӣ ва байналмилалии худ шикаст хӯрдаанд. Инки Аҳмад Довудуғлу, нахуствазири Туркия мегӯяд, ки «агар дар Сурия танҳо бимонем ҳам, аз мавқеи худ ақиб наменишинем«, ба таври ғайри мустақим эътироф ба шикасти Туркия дар пешбурди аҳдофаш дар Сурия аст.

Акнун туркҳо бар хилофи пешбиниашон буҳрон ба дохили хоки кишварашон кашида шуда ва минтақаҳои ҷанубии кишварашон ба далели ҷанге, ки бо курдҳо ба роҳ андохтаанд, комилан ноамн шудааст. Ҳатто лашкаркашии Туркия ба шимоли Ироқ ва хусуматварзиашон бо курдҳои Сурия низ натавониста дастоварде барои онҳо ба армуғон оварад.

Эрон ва Башшор Асад мухолифи ин созишҳо

Ин мақоми олирутбаи суриягӣ таъкид мекунад, ки Эрон бо ин шеваи тақсимбандии минтақа аз сӯйи Амрико ва Русия ва созиши суратгирифта миёни онҳо мувофиқ нест. Эрониҳо мегӯянд, ки набояд Русия ва Амрико, ки хориҷ аз минтақа ҳастанд, барои он тасмим бигиранд. Бо ин вуҷуд, равшан аст, ки Эрон дар Сурия, Ироқ ва Яман ба унвони қудрати дуввуми таъсиргузор ба расмият шинохта шуда ва дар Лубнон низ ҳарфи аввалро мезанад.

Манбаъ:  сайти «www.Irdiplomacy.com«

 

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.



arzon.tj