Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Сухангӯи Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон таъин шуд

Бектош Сиёваш пас аз ба шаҳодат расидани Фаҳим Даштӣ сухангӯи расмии Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон таъин шудааст.

Бектош Сиёвашро аз хонаводаи тоҷикони  Афғонистон ном мебаранд. Ӯ бародари журналист ва таҳлилгари масоили сиёсӣ Ямо Сиёваш аст. Ямо Сиёваш моҳи ноябри соли 2020 аз ҷониби гурӯҳҳои террористӣ ва ифротгаро бар асари таркиши бомб дар шаҳри Кобул ба шаҳолат расид.

Ториқ Ориён, сухангӯйи Вазорати корҳои дохилии Афғонистон гуфта буд, ки бомбро дар мошини хабарнигор гузошта будаанд. Ҳодиса ҳангоми ба кор рафтани Ямо Сиёвуш рух дод. Ӯ нав корро ҳамчун масъули бахши матбуот дар Бонки Афғонистон сар карда буд. Ӯ хабарнигори телевизиони “Тулуъ” ва таҳсилкардаи донишгоҳҳои бонуфузи хориҷӣ буд.

Бектош Сиёваш бошад, рӯзноманигор ва донандаи чаҳор забони хориҷӣ аст. Ӯ  муддати зиёд дар Парлумон ва дигар сохторҳои Афғонистон кор кардааст.  Пас  аз тасарруфи Кобул аз ҷониби террористон ва ифротгароёни толиб худро ба зодгоҳи падараш- Панҷшер расонд ва ба Ҷабҳаи муқовимат, ки онро Аҳмади  Масъуд   роҳбарӣ мекунад, пайваст.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.