Сулҳ дар Қаробоғ, Озарбойҷон ғалаба кард?

Шаби гузашта созишномаи сеҷонибаи роҳбарони Русия, Арманистон ва Озарбойҷон ба имзо расид. Тибқи ин санад, ҷангҳои ҷонибҳои даргир аз нимашаби 10 ноябр  қатъ мешаванд. Ереван инчунин се минтақаи Қарабоғи Кӯҳиро ба Озарбойҷон  дода, долони Лачинро мисли пешина барои худ  гузошт. Дар байни тарафҳои даргир контингенти посдорони сулҳ аз Русия  ҷойгир карда мешаванд.

Арманиҳо дар Ереван алайҳи қарори қатъи амалиёти ҷангӣ дар Қарабоғи Кӯҳӣ эътироз карда, талабҳои худро баён карданд.Онҳо  истеъфои сарвазир Никол Пашинян ва интиқоли қудратро  ба Ситоди Генералии кишвар талаб карданд. Садҳо эътирозгарон бинои парлумонро дар Ереван иҳота карданд. “Никол Пашинян дар куҷост? Мо талаб мекунем, ки ӯ ба назди мо берун ояд. Мо инчунин талаб мекунем, ки Сардори Ситоди Генералӣ Оник Гаспарян ба назди мо баромада, қудратро ба даст гирад », — гуфтанд тазоҳуркунандагон. Ивета Тоноян, вакили ҳизби оппозисиюни «Арманистони шукуфон» талаби эътирозгаронро дар бораи барканории Пашинян эълон кард. «Дар ин ҷо одамоне ҳастанд, ки падарон, бародарон ва писаронашон ба майдони ҷанг талаф ёфтодаанд. Ва дар айни замон, Пинҳонӣ, бе назардошти афкори ҷамъиятӣ, бо як зарбаи қалам қарор дода шуд, ки замини арманиҳо  дода шавад, Шуша дода шавад? »гуфт Тоноян ва илова кард, ки истеъфо ин  камтарин корест, ки Пашинян бояд кунад. Тавре пешгуи карда мешавад, Пашинянро рӯзҳои сахт дар пешанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *