СУТ доруи зидди COVID 19 — ро тасдиқ кард

Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ нахустин натиҷаҳои озмоиши клиникӣ дар Бритониёро истиқбол намудаст. Озмоиш нишонд дод, ки доруи «Дексамитазон» сатҳи маргу мир миёни маризони гирифтори COVID -19  — ро ба таври назаррас коҳиш медиҳад,  хабар медиҳад котиботи созмони мазкур.

Ба иттилои манбаъ, тибқи як тадқиқот, ки дар Оксфорд анҷом шудааст, доруи «Дексаметазон» хавфи маргро барои бемороне, ки ба дастгоҳи нафасдиҳи сунъӣ пайваст мебошанд то 35 дарсад кам мекунад.

Ҳамчунин. маризоне, ки танҳо ба оксиген пайвастанд, то 20 дарсади фавт миёни онҳоро кам мекунад. Муассирияти ин дору дар ҳолест, ки дар Бритониё арзиши он ҳамагӣ 5 фунт стерлинг мебошад.

Зимнан, ҳукумати ин кишвар рӯзи сешанбе «Дексамитазон» — ро расман барои муолиҷаи беморони гирифтори COVID -19 тасдиқ намуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *