Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Таҳрим то таслим? Чаро Ғарб домани Русияро раҳо карданӣ нест

 

Таҳримҳо идома ёбанд…

 «The New York Taims» — нашрияи ИМА. Санаи 21 июн сафирони 28 давлати Иттиҳоди Аврупо дар Люксембург зимни як нишаст масъалаи муносибат бо Русияро баррасӣ карда, ба хулосае расиданд, ки таҳримҳоро алайҳи Маскав то моҳи январи соли 2017 идома хоҳанд дод.

Ин тасмими сафирони аврупоӣ  бояд рӯзи 24 июн  аз сӯи вазирони корҳои хориҷии аврупоӣ ва ҳафтаи оянда аз сӯи сарони кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо тасдиқ карда шавад.

Таҳримҳои Ғарб нисбати Русия ду сол пеш пас аз сар шудани ҳодисаҳо дар Украина ва гирифтани Қрим аз ҷониби Русия, пуштибонии Маскав аз ҷудоихоҳии Донбасс оғоз шуда буд ва қарор буд то моҳи июни ҳамин сол идома ёбад.

Ҳамчунин, чанд рӯз пеш Шӯрои Иттиҳодияи Аврупо таҳримҳои иқтисодиро алайҳи нимҷазираи Қрим, ки соли 2014 аз ҷониби Русия ишғол шуда буд, то 23 июни соли 2017 тамдид кард. Дар оинномаи тасдқинамудаи Иттиҳоди Аврупо оид ба таҳримҳо нисбати Қрим ҳамчунин омадааст: манъи воридоти маҳсулот аз Қрим бидуни сертификати украинӣ; манъи ҳамкориҳо бо нимҷазира дар бахшҳои нақлиёт, алоқа ва энергетика; манъи содироти нафту газ.

Инчунин,  қарор шуд, ки ширкатҳои Иттиҳодияи Аврупо ҳақ надоранд  ягон соҳа ва ё ширкатҳои Қримро сармоягузорӣ кунанд.

Канслери  Олмон Ангела Меркел барои идома ёфтани таҳримҳо нисбати Русия пойфишорӣ карда, пеш аз ин аз  Словакия, Маҷористон ва Италия, ки хостори қатъ кардани таҳримҳо шуда буданд, хоста буд то шаш моҳи дигар, нисбати таҳримҳо зиддият нишон надиҳанд. Ва ин кишварҳо дар пайи хоҳиши Меркел дар нишасти Люксембург аз тасмимашон даст кашида, ба идомаи таҳрим розӣ шуданд.

Дар вокуниш ба тамдиди таҳримҳои Иттиҳодияи Аврупо Дмитрий Песков, сухангӯи президенти Русия изҳор намуд, ки пайванди тамдиди таҳримҳо бо иҷрои созиши Минск аз сӯи Русия мантиқӣ нест. Аз нигоҳи ӯ, масъулияти иҷрои созиши Минск пурра бар души Киев аст.

“Дӯстони”  Русия ё зарурати дипломатӣ?

 

Аммо ба итилоъи радиои амрикоии «Озодӣ»  бархе аз мансабдорони Олмон хостори аз миён бурдани таҳрим нисбати Русия ҳастанд. Аз ҷумла, вазири корҳои хориҷии Олмон Франк-Валтер Штайнмейер пешниҳод кард, ки бояд кишвараш ба таҳкими сулҳ дар Украина кӯшиш карда, оҳиста-оҳиста таҳримҳоро нисбати Русия коҳиш диҳад.

Пештар аз ин ҳам  вакилони парлумони Фаронса барои зина ба зина аз байн бурдани таҳримҳо алайҳи Русия раъй дода буданд. Аммо вазири корҳои хориҷии Фаронса Жан-Марк Эйро рӯзи 20 июн изҳор намуд, ки ҳукумат аз боқӣ мондани таҳримҳо алайҳи Русия пуштибонӣ мекунад, зеро Русия ва Украина ҳанӯз ба иҷрои нуктаҳои асосии созиши Минск муваффақ нашудаанд.

Раиси комиссияи Аврупо Жан-Клод Юнкер ҳафтаи гузашта зимни боздидаш аз   Санкт-Петербург ва ширкат карданаш дар форуми иқтисодӣ  бо зарурати боз гузоштани хатти робита бо Маскав марбут кард. Аммо гуфт, ки ҷонибдори тамдиди таҳримҳои Иттиҳодияи Аврупо алайҳи Русия аст.

Дар ҳамин ҳол Пётро Порошенко, Президенти Украина рӯзи 21 июн изҳор намуд, ки барои фишор болои Русия ва таъмини оташбас дар Донбасс дар пояи созиши Минск чорае ба ҷуз таҳримҳо алайҳи Маскав нест. Ӯ дар нишасти хабарии муштарак бо раисиҷумҳури Украина Франсуа Ҳолланд афзуд, ки «мо мехоҳем Аврупоро неруманд ва муттаҳид бубинем. Ин кафолати он аст, ки Иттиҳодияи Аврупо рушд хоҳад кард ва ин мутобиқ ба хостаҳои мо, хостаҳои ҳамаи украиниҳост. Ҳамчунин, мо мехоҳем, ки Аврупои ҳамдил бо Украинаро бубинем». Сарвари Украина изҳори итминон кард: арзишҳое, ки Иттиҳодияи Аврупоро муттаҳид кардаст, беосеб боқӣ монда, Аврупо ҳама мушкилҳоро пушти сар карда, дар оянда неруманду муттаҳид боқӣ мемонад.

Немтсовро барои 15 млн рубл куштанд?

«Россия Сегодня» — чопи Маскав. Кумитаи тафтишотии Русия баҳонаи асосии қатли Борис Немтсов, сарватманд ва мансабдори русро “ангезаи ғаразнок” унвон кард. Владимир Маркин, намояндаи ин кумита гуфтааст, ки ҷинояткорон “бо ваъдаи қадрдонии пулӣ дар ҳаҷми 15 миллион рубл” аз моҳи сентябри соли 2014 ба сӯиқасд омодагӣ дидаанд.

Ҳамин тавр, кумитаи тафтишотӣ сабаби қатли сиёсатмадорро бо ангезаҳои бадбинии динӣ беэътибор унвон карда гуфт: « Таҳқиқи панҷ зодаи Чеченистон, ки бо гумони қатли сиёсатмадор боздошт шудаанд, ба охир расида, нисбат ба созмондиҳандаи эҳтимолӣ ва фармоишгари қатл, ки аз ӯ Руслан Муҳиддинов ном бурда мешавад, ҳанӯз тафтишот идома дорад.»

Борис Немтсов, яке аз раҳбарони мухолифини ҳукумати кунунии Русия ва раҳбари ҳизби Парнас, шаби 27 феврали соли 2015 дар наздикии Кохи Кремл дар Маскав кушта шуд. Бо гумони қатли ӯ Заур Дадаев, Шадид ва Анзор Губашевҳо, Темерлан Эскерханов ва Ҳамзат Баҳаев боздошт шудаанд. Моҳи ноябри соли гузашта додгоҳ ғоибона созмондиҳандаи эҳтимолии куштор — узви пешини баталони «Шимол»-и Вазорати корҳои дохилии Чеченистон Руслан Муҳиддиновро ба ҳабс гирифт. Аммо вакили хонаводаи Немтсов  Руслан Геремеевро ҳам созмондиҳандаи куштор арзёбӣ кардааст.

Геремеев яке аз шахсони  наздик ба доираҳои ҳокими Чеченистон маҳсуб мешавад. Ӯ аз хешовандони наздики муовини сарвазири Чеченистон Адам Делимхонов буда, як бародари ӯ Сулаймон Геремеев – сенатор аз ҷумҳурии Чеченистон дар Шӯрои Федеросиюн, маҷлиси болоии порлумони Русия ва бародари дигараш  Ваха Геремеев — сардори идораи пулиси ноҳияи Шелковское мебошанд. Руслан Геремеев баъд аз кушта шудани Немтсов аз Русия фирор кардааст ва бино ба хабарҳои дарёфтӣ дар Дубай ба сар мебарад.

Пер Нкурунзиза

Пер Нкурунзиза 18 декабри соли 1963 Бужумбурди Брунди ба дунё омадааст. Номбурда  президенти 9-уми Бурунди буда, пешвои ҳизби Конгресси миллӣ дар ҳифзи демократия буда ҳамчунин гурӯҳи Низомиён барои ҳифзи  демократиро сарварӣ мекунад.  Нкурунзиза писари губернатори ду вилояти кишвар, ки дар замони нооромиҳои соли 1972 кушта шуд, мебошад. Пер устоди донишгоҳ буд. Пас аз куштори Мелхиора Ндадайе аввалин президент (хуту) ба ҳизби Конгресси миллӣ барои ҳифзи демократия ворид гардид. Аз соли 1998 муовини дабири кулли ҳизб буд ва аз соли 2001 раиси он шуд.  Аз соли 2003 вазир оид ба беҳбудии корҳои давлатӣ дар ҳукумати Дометена Ндайизейе гардид. Пас аз ғолибияти ҳизбаш дар интихоботи парлумонии соли 2005 Пер номзадиашро ба мақоми президентӣ гузошт ва бе доштани рақиб дар интихобот аз ҷониби парлумон барои панҷ сол роҳбари давлат интихоб шуд. 28 июни соли 2010 Нкурунзиза дар интихоботи президентӣ ягона номзад пас аз даст кашидани дигар номзадҳо аз мақоми президентӣ, гардид. Номзадҳо таъкид намуданд, ки дар овоздиҳии маҳаллии 24 май тақаллубкорӣ шудааст ва аз интихобот даст кашиданд. Дар ин интихобот Нкурунзиза бо 91, 62 дарсади раъй бо иштироки 76, 98 дарсади овоздиҳандагон пирӯз шуд. Пер Нкурунзиза бо Дениз Букуми оиладор аст.

 

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.



arzon.tj