Талаби 2370 соли зиндон ба Абдулқодир барои куштори 39 нафар

Додситонии Туркия барои Абдулқодир Машарипов, шаҳрванди Ӯзбекистон, ки шаби 1 январи соли 2017 дар клуби шабонаи Reina дар шаҳри Истамбул теракт анҷом дод, 40 ҳукми зиндони якумрӣ талаб кард. Дар ин бора хабаргузории “Сентрал Азия” иттилоъ медиҳад.

Бояд гуфт, ки Машарипов дар талоши бо роҳи зурӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ ва куштори барқасдонаи 39 одам айбдор мешавад.

Барои узвият дар гуруҳи террористӣ ба вай 15 соли зиндон ва барои куштори 39 тан 2370 соли зиндон талаб шудааст.

Дар доираи парвандаи ҳамла ба клуби шабонаи Reina дар маҷмуъ 58 кас гумонбар мешавад. Аз ин теъдод 18 тан дар боздошт ҳастанд ва 8 каси дигар ба ҷавобгарӣ ҷалб шудаанд.

Интизор меравад, додгоҳ 23 март ҳукмашро эълон кунад.

Маврид ба зикр аст, ки дар ҳамла ба клуби Reina 39 кас кушта ва 69 тани дигар маҷруҳ шуда буд. Масъулияти ин ҳамларо гуруҳи террористии «Давлати исломӣ» ба дӯш гирифт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *