Таркиш дар назди консулгарии Амрико дар Ҷиддаи Арабистони Саудӣ

Субҳи иморӯз дар наздикии консулгарии Амрико дар Ҷиддаи Арабистони Саудӣ таркиш ба вуқуъ пайваст. Дар ин таркиш да тан аз неруҳҳои амниятии Арабистони Саудӣ захмӣ ва нафари худкуш кушта шудааст. Афроди маҷруҳ барои табобат ба бемористон интиқол дода шудаанд.

Гуфта мешавад, ин ҳамал дар аввалин рӯзи истиқлоли Амрико дар кишваре анҷом гирифт, ки бо Амрико равобити хуби дипломатӣ дорад ва сиёсатҳояш бар хатти маши кашидаи Амрико пиёда мешавад. Дар ҳамин ҳол, дар пайи ин таркиш Вазорати амнияти кишвари Арабистони Саудӣ гуфтааст:«Дар соати 2:15 бомдоди имрӯз дар хиёбони Фаластин дар наздикии бемористони «Сулаймони фақеҳ» нерӯҳои амниятӣ ба як шахс ва рафторҳои аҷиби вай машкук мешаванд ва ҳангоме ки ба самти вай мераванд, то дар бораи иллати ин рафтораш аз вай суол кунанд, фарди интиҳорӣ худро мунфаҷир мекунад

Бархе расонаҳо навиштанд: «Фарди интиҳорӣ худрави худро дар таваққуфгоҳи канори масҷид дар наздикии консулгарии Омрико порк мекунад ва ба самти нерӯҳои амниятии масъули таъмини амнияти ин консулгарӣ меравад ва инчунин вонамуд мекунад, ки ба дунболи чизе мегардад, сипас мегӯяд: «Муташаккирам, мисли ин ки иштибоҳ кардаам!», аммо дар ҳангоми бозгашти ин фард ба самти худрави поркшуда, садои инфиҷор шунида мешавад

Нерӯҳои амниятии Арабистон дар атрофи консулгарии Омрико тадобири шадиди амниятӣ иттихоз карданд ва низомиёни бисёре дар маҳал мустақар шуданд.

Консулгарии Омрико дар Ҷидда дар соли 2004 низ мавриди ҳамла қарор гирифт, ки тайи он 9 нафар кушта шуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *