Тасаллияти Зеленский ба пайвандони фавтидагон

Президенти Украина Владимир Зеленский ба хонаводаи ҳалокшудагон дар суқути ҳавопаймо изҳори тасаллият намуд.

Соате пеш Зеленский дар саҳифаи фесбукиаш хабари марги шаҳрвандонашро дар суқути ҳавопаймо дар Теҳрон тасдиқ намуда, ба хешовандону пайвандони ҳалокшудагон тасаллият баён кард.

“Субҳи имрӯз, пас аз парвози кӯтоҳе аз фурудгоҳи байналмилалии Имом Хумейни (Теҳрон) ҳавопаймои мусофирбари ширкати байналмилалии ҳавопаймоии Украина дар наздикии фурудгоҳ суқут кард. Сафорати мо маълумотро дар бораи ҳолати фоҷиа ва рӯйхати шахсияти фавтидагон  муайян мекунад. Ман бо изҳори андӯҳ ба наздикону пайвандони мусофирон ва ҳайати экипаж тасаллият баён менамоям”-навиштааст Зеленский. 

Зимнан, субҳи рӯзи 8 январ дар Теҳрон,  пас аз парвози кӯтоҳи тайёраи украинӣ ба садама дучор шуд. Тибқи маълумоти охирин, 167 мусофир ва нӯҳ узви экипаж ба ҳалокат расидаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *