Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Тавсияҳои табибони Ҷопон оид ба пешгирии коронавирус

Бемористони Ибни Синои шаҳри Душанбе дар саҳифаи фейсбукии худ тавсияи табибони япониро доир ба  санҷиш, ошкор ва пешгирӣ кардани коронавирус дар шароити хона нашр кардааст. Хабар медиҳад Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ.

Зимни он табибон зикр намудаанд, ки  вируси корона метавонад то 28 рӯз дар вуҷуди инсон пинҳон бимонад ва замоне таб ва сулфа шурӯъ мешаванд, ки 50 дарсади шуш аз як моеъи сафедранг пур шуда, бемор дар хатари марг қарор мегирад.

Табибон аз ҷумла тавсия медиҳанд, ки ҳар як нафар метавонад дар хона ҳар  субҳ баъди бедор шудан аз хоб як нафаси бисёр амиқ кашида, муддати 10 сония нафасро дар худ комилан нигаҳ дорад ва баъд аз он нафасро то охир сар диҳад. Дар ҳолати  ба сулфа науфтодан ва эҳсоси тангии нафас накардан маълум мешавад, ки  зарфияти шуши ӯ комил буда, мушкиле барояш пеш наомадааст. Дар ҳолати пайдо шудани сулфа ё нафастангӣ ба пизишкон муроҷиат намудан муҳим аст!

«Рӯзе чанд маротиба ин корро анҷом дода,  зарфияти танаффусии шушро назорат бояд кард, то қабл аз пайдоиши таб агар мушкиле пайдо шавад, дарҳол ба табибон муроҷиат карда, вазъи шушро санҷидан зарур аст», — мегӯянд табибони японӣ.

Нуктаи дигар ин аст, ки ҳамарӯза ҳар 10 дақиқа пас бояд чанд қатра об нӯшид, то  гулӯ, ҳалқ ва даҳон хушк нашавад. Чун агар вируси мазкур вориди даҳон шуда, дар он  бимонад, метавонад вориди ной гашта, аз он ба шуш интиқол ёбад ва ба мушкил мувоҷеҳ шавад. Аммо ҳангоми  моеъоти зиёд масраф кандан  ва даҳону ҳалқро хушк нигаҳ надоштан ин маводи олуда вориди меъда мешавад ва оксиди меъда онҳоро аз байн мебарад.

Ҳамчунин мутахассисон аз аҳолии ҷаҳон хоҳиш менамоянд, ки ба ҷуз аз ба таври муқаррарӣ шустани дасту рӯ бо собун, инчунин тавсияҳои мазкурро низ дар хонаҳояшон анҷом диҳанд ва бемориро сари вақт пешгирӣ намоянд.

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.