Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

The Times: Як қаср ва ду манзили Гулнора Каримова дар Лондон $52 млн арзиш дорад

Нашрияи бритониёии The Times номгӯи амволи Гулнора Каримова, духтари президенти пешини Ӯзбекистон Ислом Каримовро дар Бритониё нашр кард.

Ҳамаи ин амвол мумкин аст, мусодира шавад. Дар ин рӯйхат як қаср дар Суррей ва ду манзил дар минтақаҳои гаронбаҳои шаҳри Лондон зикр шудааст, ки арзиши умумиашон 40 млн фунт стерлинг (52 миллион доллар) аст.

Заминеро дар минтақаи Суррей Каримова бо қимати 23,5 млн доллар дар соли 2010 харидааст. Ҳоло қимати ин амвол ба 39 млн доллар расидааст.

Додгоҳии олии Ӯзбекистон рӯзи 8 январ тасдиқ кард, ки дар шаҳри Тошканд муҳокимаи парвандаи нави Каримова шуруъ шуда, пушти дарҳои баста идома мекунад.

Дар баробари Каримова чанд шахси дигар ба додгоҳ кашида шудаанд. Онҳо дар «шомил будан дар гуруҳи ҷиноӣ ва содир кардани ҷиноятҳои марбут ба тамаъҷӯӣ, дуздии маблағҳои буҷа ва қонунисозии пулҳои аз роҳи номашруъ бадастомада» айбдор мешаванд.

Соли 2017 Гулнора Каримоваро дар Ӯзбекистон 10 сол зиндонӣ карданд. Вай дар сарпечӣ аз пардохти андоз, дуздӣ, тамаъҷӯӣ ва маҳвсозии ҳуҷҷатҳои ширкатҳои офшорӣ айбдор шуд.

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.