Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Тирпарронӣ дар мактаб. 11 куштаю 30 захмӣ

Дар  шаҳри Қазон- пойтахти Тотористон, дар дохили гимназияи рақами 175-ум, воқеъ дар кӯчаи Ҷавдат Файзӣ  тирандозӣ рух дод.

Расонаҳои рус дар такя ба манбаъҳои мухталиф мегӯянд, ки дар ин ҳодиса дастикам 9 нафар, аз ҷумла як омӯзгор кушта шудаанд. Манбаъҳои дигар шумори кушташудаҳоро 11 ё 13 нафар мегӯянд. Дар миёни қурбониҳо ду мактабхоне мебошанд, ки ҳангоми паридан аз ошёнаи сеюми мактаб ҷон доданд.

Беш аз даҳ нафар бистарӣ шуданд. ТАСС гуфт, ки беш аз 30 нафар осеб дидааст. Як нафар боздошт шудааст. Маълум нест, ки шумори ҳамлагарон чанд нафар буд.

Шоҳидон мегӯянд, ки дар дохили мактаб инчунин як ё чанд таркиш рух додааст.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.