Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Толибон 27 иштирокчии роҳпаймоӣ барои сулҳро рабуд

Дар Афғонистон гуруҳи даҳшатафкани «Толибон» 27 фаъоли Ҳаракати мардумӣ барои сулҳро рабуд. Дар ин бора раҳбарони ҳаракати маданӣ хабар доданд.

Ба иттилои хабаргузории Reuters, ҷангҷӯёни Толибон фаъолонро, ки дар шаш мошин аз вилояти Ҳирот ба Фароҳ мерафтанд, дар роҳ боздошт карда, бо худ бурдаанд. Толибон то ҳол ин ҳодисаро шарҳ надодааст.

Фаъолони ҳаракати мазкур дар Афғонистон ҳамоишу роҳпаймоиҳо баргузор карда, ҷонибҳои даргири ин кишвар — Толибон ва ҳукуматро ба оташбас ва сулҳ даъват мекунанд. Намояндагони ҳаракат гуфтанд, ки Толибон бори севум аст, ки фаъолони онҳоро мерабояд.

Ҷангҷӯёни Толибон моҳи июни соли равон низ 25 фаъоли Ҳаракати мардумӣ барои сулҳро гаравгон гирифта буданд. Онҳо бо гузашти чанд рӯз дубора озод карда шуданд.

Ҳаракати мардумӣ барои сулҳ худро бетараф эълом карда, зидди ҷангу хушунат дар Афғонистон мубориза мебарад.

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.