Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Толибон 9 пулиси афғонро куштанд

Дар вилояти Фараҳи Афғонистон бар асари ҳамлаи ҷангиёни Ҷунбиши Толибон нуҳ тан аз кормандони умури дохилӣ ба ҳалокат расидаанд.

Дар вилояти Фараҳи Афғонистон бар асари ҳамлаи ҷангиёни Ҷунбиши Толибон нуҳ тан аз кормандони умури дохилӣ ба ҳалокат расидаанд.

Ба гуфтаи Абдусамад Салоҳӣ, сухангӯи ҳукумати вилояти Фараҳ, корандони пулис барои безарарсозии бомбаҳо ба ноҳияи Амондараи ин вилоят ворид шуда ва ҷангиёни Толибон ба онҳо аз камин ҳамла кардаанд.

Бино ба маълумоти Абдусамад Салоҳӣ, неруҳои Толибон идораи пулисро тасарруф карда ва пас аз ҷангҳои шадид ақибнишинӣ кардаанд.

Вилояти Фараҳ дар наздики марзи Афғонистон бо Эрон воқеъ буда ва қисмати бештари ин вилоятро Ҷунбиши Толибон таҳти назорати худ гирифтаанд.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.