Валентин кист? Чаро Рӯзи «Ошиқон»-ро ҷашн мегирем?

Дар бораи таърих ва пайдоиши рӯзи Валентинаи муқаддас ривоятҳо зиёданд. Баъзеҳо бар он назаранд, ки таҷлили рӯзи ошиқон гуноҳ аст ва иддае дигар тибқи бовар ва хостаҳои худ рӯзи ошиқонро ҷашн мегиранд. Рӯзи ошиқон ё рӯзи Валентинаи муқаддасро ҳамасола 14 феврал дар бештари кишварҳои дунё қайд мекунанд, ки аз қабили идҳои таҳмил ёфтаи Ғарб маҳсуб меёбад. Дар Аврупо ин идро аз қарни 13 ҷашн мегиранд. Дар ин рӯз ошиқон ба якдигар садбарги сурх тӯҳфа мекарданд. Мегӯянд, ин анъана аз Людовики XVI мӯд шуд. «Шоҳи офтоб» бори аввал дастагули садбарги сурхро ба шоҳбону Мария Антуанетта ҳадя кард. Пайдоиши садбарги сурхро бошад ба худои юнонии ишқ Афродита нисбат медиҳанд. Афродита буттаи садбарги сафедро зер ва бо хунаш садбаргҳоро сурх намуд. Дар Англия ва Шотландия бошад мисли Руми қадим ошиқон номи маҳбубаи худро дар варақчае навишта, ба қуттие меандохтанд. Ҳар духтаре соҳиби Валентин ва ҳар писаре соҳиби Валентинаи худ мешуд, миёни Валентину Валентинаҳо тӯли 1 сол муносибати романтикӣ барқарор мегашт. Дар Итолиё ин рӯзро «рӯзи ширин» меноманд ва ошиқон ба якдигар ширинӣ тӯҳфа мекунанд. Дар Фаронса бошад, ҳадя кардани ҷавоҳирот роиҷ шудааст ва маҳз онҳо рубоиҳои ошиқонаро дар ин рӯз ба анъана дароварданд. Дар ИМА ин рӯзро аз с.1777 ҷашн мегиранд. Онҳо низ дар ин рӯз ба маҳбубаҳои худ туҳфаҳои гуногун ва «валентинкаҳо» ҳадя мекунанд. Дар Испания бошад ошиқони беқарор мекӯшанд номаи худро тавассути почтаи кабӯтарӣ ба маъшуқаҳошон расонанд. Дар Юнон бошад ин ҷашнро Панургия меномиданд ва ба худои шӯхтабъу бепарво Пан (Фавн), ки кораш доимо найнавозӣ ва шикори духтарони зебо буд, рабт медоданд. Тибқи баъзе маъхазҳо ин рӯзро инчунин «Тӯи паррандаҳо» низ мегуфтанд ва чунин меҳисобиданд, ки паррандаҳо дар ҳафтаи дуввуми моҳи дуввуми сол оила барпо мекунанд. Дар бораи шахсияти Валентинаи муқаддас ривоятҳо зиёданд ва тибқи бештари онҳо ӯ мубаллиғи насроние буд, ки с.269 легионерҳои румиро бо арӯсонашон никоҳ мекард.
Ин амали ӯ хилофи дастури императори ҳамонвақтаи Рум Клавдии II буд, ки никоҳи сарбозонашро манъ карда буд. Клавдий гумон мекард, сарбози оиладор ба фикри таъмини оилааш хоҳад шуд ва дар ҷанг сустӣ мекунад. Клавдий вақте аз амали мубаллиғ огоҳ шуд, фармон дод ӯро зиндонӣ кунанд. Тибқи ривоят, духтари зиндонбон ошиқи Валентин шуд, аммо ӯ ба хотири рӯҳонӣ будан ишқи духтарро рад кард. Аммо 1 шаб қабл аз қатлаш, ки ба 13 феврал рост меомад, номаи саропо ошиқонае ба маҳбубааш навишт. Вақте ки мактуб ба дасти духтар омада расид, Валинтин алакай бо ин дунёи фонӣ падруд гуфта буд. Ошиқони тамоми дунё маҳз аз мактуби Валентин илҳом гирифта, рӯзи ҷашн ба ҳамдигар мактубҳои ошиқона менависанд. Ин мактубҳоро «валентинка» меноманд. Аввалин (откритка)-валентинка бошад, мактуби герцог Карл Орлеанӣ шинохта шудааст. Герцог ин номаро с.1415 аз зиндони Тауэри Лондон ба завҷааш навишт. (Откритка )-валентинкаҳо дар Аврупо (хоса дар Англия) маҳбубияти хосе пайдо карда, ин анъана то ҳол идома дорад. Аммо тибқи назари калисои католик Валентин дар ҳақиқат духтари нобинои мансабдори румӣ Асрерийро бино кард ва ин мансабдор ба Исои Масеҳ имон овард. Клавдий бошад баъди шунидани ин қисса дастур дод Валентинро эъдом кунанд. Ба андешаи калисо, ӯ барои дин қурбон шуд ва калисои Румӣ ӯро ба мартабаи покон дохил кард. Баъди 200 соли ин рӯйдод бошад Валентин инчунин ҳомиву пуштибони тамоми ошиқон эълон шуд. Бо вуҷуди ин, Калисои католик с.1969 ҷашни рӯзи Валентинро расман манъ карда, Валентинро аз рӯйхати покон ҳазф кард. Руҳонияти католик ин иқдоми худро бо он асоснок мекард, ки дар бораи наҳваи шаҳодати Валентин ҳеҷ маълумоти пуррае нест. Калисо дар ин рӯз Кирилл ва Мефодии покро ёдбуд мекунад. Калисои провославӣ (калисои ортодокӣ, насронӣ) ҳам дар мавриди ҷашни рӯзи Валентина назари хуб надорад. Бештари рӯҳониён ин ҷашнро ба насроният бегона меноманд. Дар Гурҷистон ва Русия кӯшиданд аз дари дигар ворид шуда, рӯзи Валентинро мамнӯъ кунанд. Гурҷиҳо «Рӯзи ошиқони» худро ихтироъ карданд, ки ҳар сол 15 апрел ҷашн мегиранд.
Аммо ин амр натавонист садди роҳи рӯзи Валентин шавад ва гурҷиҳо ҳам онро васеъ пешвоз мегиранд. Дар Русия низ муносибат ба ин рӯз мутафовит аст.
Соли 2011 губернатори вилояти Белгород бо фармон расман ҷашни рӯзи Валентинро манъ кард. Руҳонияти калисои русӣ бошад, кӯшиданд ба ҷои ҷашни Валентини муқаддас, ҷашни Трифони муқаддасро роҳандозӣ кунанд, лек Трифон ҳам натавонист бар Валентин пирӯз шавад. Аслан ҷашни рӯзи Валентин ба кишварҳои пасошӯравӣ дар авохири солҳои 1990 омадааст. То он замон дар собиқ СССР касе намедонист Рӯзи «Ошиқон» вуҷуд дорад ё не. Баъд аз ин рӯзи ошиқонро қариб дар ҳама кишварҳои пасошӯравӣ ҷашн мегиранд. Аммо кишварҳое ҳам ҳастанд, ки рӯзи Валентинро ҳеҷ гоҳ ҷашн намегиранд.
Таҳияи Ширин

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *