Вазъи саломатии низомиёни захмии қазоқ вазнин будааст

Вазири дифои Қазоқистон Нурлан Ермекбоев вазъи се низомиеро вазнин арзёбӣ кард, ки 21 сентябр дар натиҷаи таркиш дар размоишгоҳи наздики шаҳри Ариси ин кишвар ҷароҳат бардошта буданд.

Ермекбоев аз ироаи ҷузъиёт худдорӣ карда, танҳо гуфт, агар комиссияи тиббӣ иҷозат диҳад, низомиёни мазкур пас аз барқарории саломатияшон кори худро дар артиши Қазоқистон идома хоҳанд дод.

21 сентябри соли равон дар размоишгоҳи воқеъ дар 60-километрии шаҳри Ариси Қазоқистон муҳимоти ҷангӣ таркид, дар натиҷа 10 низомии шартномавӣ захмӣ шуданд. Ба гуфтаи вазири дифои Қазоқистон, вазъи як тани дигарашон вазнини миёна ва шаш каси боқӣ муътадил аст.

Ермекбоев бовар кунонд, ки ба ҷони сокинони шаҳри Арис ва атрофи он чизе таҳдид намекунад. Ба гуфтаи ӯ, низомиён ҳудуди қисми низомиеро, ки 24 июни соли равон анбори муҳимоти ҷангии он таркида буд, пурра аз гулӯлаҳои боқимонда тоза кардаанд ва танҳо дохили анбор мондааст.

Ин таркиш дар як моҳи охир дувумин ҳодиса дар ҷануби Қазоқистон аст. Рӯзи 13 сентябр ҳангоми тоза кардани анбори аслиҳа дар Арис аз дуди снаряд чаҳор низомӣ маҷруҳ шуда буд.

Моҳи июни соли ҷорӣ дар анбори аслиҳаи шаҳри Арис таркиш рух дод. Он замон сокинонро ба ҷои амн интиқол дода буданд. Ба иттилои мақомот, 85 дарсади манзилҳои Арис тахриб ва бештар аз 20 хонаи дигар оташ гирифт. Дар пайи он ҳодиса чаҳор тан кушта шуд.

Давоми 10 соли охир бори чаҳорум аст, ки дар шаҳри Арис таркиши аслиҳа боиси марги инсонҳо мешавад. Бино бар арзёбиҳои мақомоти Қазоқистон, барои барқарории Арис на камтар аз 20 миллиард танга сарф хоҳад шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *