Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Володатский: Ман медонам, ки дар Тоҷикистон кӣ президент мешавад

Интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон ором хоҳад гузашт, гуфт ба РИА Новости муовини аввали раиси кумитаи Думаи давлатӣ оид ба ИДМ Виктор Водолатский.

Ӯ гуфт, ки роҳбари амалкунандаи кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар байни мардум эътимоди зиёд дорад.

“Бо назардошти он ки маҳз раҳбари кунунии Тоҷикистон аз эътимоди бузург бархӯрдор аст ва дар асл, ҳамаи ҳизбҳои гуногун, аз ҷумла оппозисиюн, дарк мекунанд, ки ба ҷуз аз Эмомалӣ Раҳмон каси дигаре нест, ки тавонад муттаҳид кунад ва ё чунин ҳакам дар байни оппозисиюн ва сохторҳои тарафдори ҳукумат бошад. Аз ин рӯ, фикр мекунам, ки дар Тоҷикистон, мисли дигар ҷумҳуриҳои ИДМ, ҳеҷ мушкиле нахоҳад буд «, — гуфт Водолатский.

Хотиррасон мекунем, ки интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон рӯзи 11 октябр баргузор мешавад.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.