Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Замону макони рақобати Тайсон ва Холифилд дақиқ шуд

Макон ва санаи баргузории рақобати ду собиқадори бокс Майк Тайсон ва Эвандер Холифилд дақиқ шуд, хабар медиҳад “sputnik”

Гуфта мешавад, ки вохӯрии ин ду боксчӣ машҳур имкон дорад санаи 11-уми июл дар Арабистони Саудӣ баргузор гардад.

Бояд гуфт, ки чанде пеш ҳарду нобиғаи бокс аз бозгашташон ба майдон хабар дода буданд.

Қаблан Тайсон ва Холифилд бо ҳамдигар ду маротиба рақобат карда буданд. Холифилд дар дидори аввал ғолиб омада, Тайсонро бо накаути техникӣ мағлуб кард.

Дар рақобати дуюм низ бартарии Холифилд барало намоён буд ба ҳамин хотир Тайсон гӯши ӯро газид ва Эвандер аз идомаи муҳориба худдорӣ кард. Тайсан бошад аз рақобат маҳрум ва ҷарима шуд.

» Ман мехоҳам бо Тайсон рақобат кунам. Фикр мекунам ман дар ин синни 57 солагиям низ муваффақ мешавад. Ман ӯро мағлуб карда метавонам. Гарчанде сухан дар бораи он намеравад, ки ки киро мағлуб мекунад, балки гап дар бораи он меравад, ки ба одамон нишон диҳем, ки мо яке аз муштзанҳои бузурги даврон ҳастем»,-гуфтааст Холифилд.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.