Ӯзбекистон аз вожаи “милитсия” даст кашид

Дар Ӯзбекистон аз рӯзи 24 май вожаи “милитсия” ба номи “органи корҳои дохилӣ” иваз шуд. Дар ин замина Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Ӯзбекистон санади ҳуқуқиро имзо кард.

Дар Ӯзбекистон аз рӯзи 24 май  вожаи “милитсия” ба номи “органи корҳои дохилӣ” иваз шуд. Дар ин замина Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Ӯзбекистон санади ҳуқуқиро имзо кард.

Ҳамчунин, тибқи ин санад либоси расмии корманди ниҳодҳои корҳои дохилӣ бо истифода аз намунаҳои либосҳои пулиси кишварҳои хориҷӣ нав хоҳад шуд.

Зимнан, дар соли ҷорӣ дар Ӯзбекистон пулиси сайёҳӣ ба фаъолият пардохтааст, ки намуди зоҳири онҳо ба пулиси Амрико шабоҳат дорад.

Ҳанӯз дар соли 2017 Абдусалом Азизов, вазири корҳои дохилии Ӯзбекистон пешниҳод карда буд, ки аз вожаи “милитсия” комилан даст кашида ва ба ҷойи он вожаи “корманди умури дохилӣ” истифода шавад.

Қутбиддин Бурҳонов, сардори Раёсати иртибот бо ҷомеа ва матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ӯзбекистон ба хабаргузориҳо гуфтааст, ки дар раванди ислоҳот дар сохтори ин вазорат на танҳо вожаи “милитсия” иваз шудааст, балки кормандони умур дохилӣ аз аттестасия гузашта ва фаъолияти мақомоти роҳбарикунанда ҷиддан тафтиш шудааст.

Дар натиҷа, 59 нафар раҳбарони ниҳодҳои корҳои дохилии ин кишвар ба далели “мутобиқат накардан ба сатҳи корманди касбӣ” аз сафҳои органҳои корҳои дохилӣ барканор шудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *