Яхмос не, коронавирус гунаҳгор будааст…

Баъди онки Ситоди ҷумҳуриявии мубориза бо коронавирус мавридҳои нави гирифторӣ ба ин вирусро дар кишвар тасдиқ кард, вазорати тандурустии Тоҷикистон шоми 22 июн бори аввал аз ибтидои соли ҷорӣ тасдиқ кард, ки дар ду рӯзи охир дар ҷумҳурӣ 32 ҳолати нави олудашавӣ ба коронавирус сабт шудааст. Бино ба иттилои расмии вазорат, рӯзи 21 июн дар Тоҷикистон 17 ҳолати нави коронавирус сабт шудааст ва рӯзи 22 июн – 15 ҳолат.
Вазорати тандурустӣ аз аввал сол сарсахтона пойфишорӣ мекард, ки дар Тоҷикистон ягон ҳолати нави олудашавӣ ба коронавирус ошкор карда нашудааст. Ин вазорат гузоришҳо дар бораи ба ин вирус гирифтор шудан ва ҳатто фавтидани сокинонро рад мекард ва мегуфт, онҳое, ки гӯё бо гумони коронавирус бистарӣ шудаанд, дар асли ба иллати истеъмоли яхмос ва оби хунук гирифтори бемориҳои роҳҳои нафас, ба мисли илтиҳоби шуш ё зуком шудаанд, на коронавирус. Вале ба ин афсонаи “яхмосу оби хунук” дигар касе бовар намекард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *