Як оила мақомоти қазоқро бо таркондани газ таҳдид мекунад

Дар шаҳри Остонаи Қазоқистон субҳи имрӯз суд-иҷрочиён дубора ба хонаи Майрамовҳо, ки дар кӯчаи Имонов ҷойгир аст, омадаанд, то онҳоро аз манзилашон берун кунанд.

Аммо ба гуфтаи хабарнигори бахши қазоқии Радиои Озодӣ, Одилбек Майрамов, раҳбари оила дар дохили хона худро маҳкам карда, таҳид дорад, ки дар сурати талоши мақомот барои берун кардани онҳо газро хоҳад тарконид.

Ин мард гуфтааст, ҳамроҳи вай дар дорхили хона боз се фарзандани ноболиғаш ҳам ҳастанд. Ӯ дар даст балони газ назди панҷара рост истода, таҳдид дорад, ки дар сурати наздик шудани нафаре ба хона онро метарконад. Ба гуфтаи Майрамов, берун кардани онҳо аз манзили зисташон ғайриқонунӣ аст.

Ин хонавода ба пешниҳоди ҳукумат дар мавриди манзили нав бар ивази манзили куҳнаашон, ки бояд тахриб шавад, розӣ нест.

Гулзор Арикбоева, ҳамсари Одилбек Майрамов, ки берун аз хона аст, дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт, мақомот онҳоро огаҳ накардаанд, ки имрӯз манзилашонро тахриб мекунанд.

Дуртар аз манзили Майрамовҳо ҳамроҳи суд-иҷрочиён кормандони пулис, хадамоти оташнишонӣ ва мошини ёрии таъҷилӣ ҳам ҳозир аст.

Ин бори нахуст нест, ки мақомот талош мекунанд, хонаводаи мазкурро аз манзилашон берун намоянд. Моҳи декабри соли гузашта ҳам суд-иҷрочиён омада буданд, вале Гулзор Арикбоева кордро дар гӯлуяш гузошта, таҳдид кард, ки даст ба худкӯшӣ мезанад ва ҳамин тариқ қарори берун кардани онҳо ба таъхир гузошта шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *