Як сокини Шаҳристон қурбони раъду барқ шуд
Як сокини 17-солаи ноҳияи Шаҳристон бар асари раъду барқ дар ҷойи ҳодиса ҷон бохт.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки ҳодиса 23 апрели соли равон, наздик ба соати 13:30 ҳангоми чорвочаронӣ дар чарогоҳи кӯҳӣ рух додааст.
Ин ҷавон зодаи деҳаи Себзори ҷамоати деҳоти Бунҷикати ноҳияи Шаҳристон дар вилояти Суғд будааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ