Ярмаркаи байналмилалӣ дар Суғд беш аз 500 меҳмонро аз 8 давлати ҷаҳон ба ҳам овард
Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори ҳаштум аст, ки Ярмаркаи байналмилалии савдои «Суғд-2022» дар сатҳи баланд доир мегардад. 17 июни соли равон низ дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд Ярмаркаи байналмилалии савдои «Суғд — 2022» доир гардид. Дар рӯзи аввали ярмарка раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода меҳмононро хайрамақдам гуфта, ин рӯйдодро воқеаи муҳим дар самти рушди иқтисоди минтақавӣ арзёбӣ кард.
Ярмаркае, ки ба анъана табдил ёфт
Дар ҳаштумин ярмаркаи байналмилалии савдои “Суғд–2022” наздик ба 500 нафар меҳмон аз Россия, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Белорус, Озарбойҷон, Эрон, Чин, Туркия, Арабистони Саудӣ ва соҳибкорону сармоягузорони дохилу хориҷ бо пешниҳоди молу маҳсулот ва нақшаҳои худ ширкат варзиданд. Воқеан ҳам, вилояти Суғд имрӯз дар самти парваришу истеҳсоли меваю сабзавоти тару тоза аз минтақаҳои пешрафта ва ояндадор маънидод мегардад. Аз ҷониби корхонаҳои саноатӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ маҳсулоти дар вилоят истеҳсолшаванда ба намоиш гузошта шуданд.
Сардори Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилояти Суғд Шарифҷон Ахмедов қайд кард, ки ҳамасола баргузории ярмаркаи савдо дар вилоят ба ҳукми анъана даромадааст. Соли ҳаштум аст, ки намояндагони кишварҳои гуногун барои иштирок дар форум ба Суғд меоянд.
– Ин навбат намояндагон аз мамлакатҳои Ғарб бори аввал меҳмони тоҷикистониёнанд. Таассуроти ҳар яки онҳо бениҳоят зиёд буда, умедвори он ҳастанд, ки чорабинии имрӯза ба фоидаи ҳар ду ҷониб хоҳад буд. Фикру мулоҳизаҳо бобати рушди иқтисодиёт, ҷалби сармоя ва ҳамкориҳои судманд вусъати тоза мегиранд ва сармоягузорӣ сол аз сол меафзояд. Агар солҳои қаблӣ ба иқтисодиёти вилоят тақрибан 200 — 250 миллион доллар сармоя ворид шуда бошад, ин нишондиҳанда дар ҷамъбасти соли 2021 наздик ба 400 миллион доллар ва дар ҷамъбасти семоҳаи аввали соли ҷорӣ бошад, тақрибан 120 миллион долларро ташкил дод. Дар баробари ин, сармояи ватанӣ низ рӯ ба афзоиш ниҳода, нишондиҳанда дар ҷамъбасти соли 2021-ум 61 миллион долларро ташкил дод, ки ин боиси эътимоднокии соҳибкорони дохиливу берунаро нишон медиҳад, – гуфт Шарифҷон Ахмедов.
Дар шаҳру навоҳии вилоят ҳосили фаровони мева, бахусус зардолуи хуштамъ рӯёнида мешаванд, ки маҳсулоти асосӣ маҳсуб ёфта, бештар ба Федератсияи Россия содирот мешаванд. Имрӯз ширкатҳо ва соҳибкорон хостори ҳамкорӣ бо деҳқонону соҳибкорони тоҷик буда, меваю сабзавоти Тоҷикистонро ҳамчун маҳсулоти табиӣ ва хуштамъ эътироф мекунанд.
Анатолий Голтсов: Аз Тоҷикистон маҳсулоти босифат мебарем
Дар мавриди ширкат ва табодули таҷрибаи соҳибкорони хориҷӣ Президенти палатаи савдо ва саноати шаҳри Липетски Федератсияи Россия Анатолий Голтсов гуфт, бори дуввум аст, ки дар форум ширкат меварзанд. Ин навбат намояндагони шаҳри Липетск бамаротиб афзудааст.
– Имрӯз чаҳордаҳ ширкат маҳсулоти худро муаррифӣ карданд. Мо аллакай фаъолияти дуҷонибаро ба роҳ монда, бештар дар самти содироти металл, равғани индустриалӣ, молиданиҳои ғафс, маҳсулоти кишоварзӣ ва амсоли инҳо шартнома бастем. Муҳим он аст, ки мо маҳсулоти баландсифатро аз Тоҷикистон дар мисоли меваву сабзавот ва хушкмева дастрас карда истодаем. Дар доираи созишномаи дуҷониба ба роҳ мондани ҳамкориҳо ба манфиати ҳарду ҷониб аст. Бастани шартномаи тарафайн бо иштироки бевоситаи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода сурат гирифт. Имрӯз соҳибкорони ду кишвар дар самти содироту воридот ба ҳам риштаи ҳамкорӣ доранд, ки хушнудии тарафайнро ҳудуде нест. Мехоҳем ҳамкориро дар самтҳои мухталиф бештар гардонем, зеро Тоҷикистон яке аз кишварҳои маркази тақсимоти молу маҳсулот маҳсуб меёбад. Маҳсулоти мо ба воситаи соҳибкорони тоҷикистонӣ имконияти содиротро ба дигар кишварҳои хориҷӣ афзун мегардонад, –гуфт номбурда. Иштирокчиёни форуми ҳамкории байниминтақавӣ аз имкониятҳо ва дурнамо қаноатманд буда, изҳор карданд, ки вилояти Суғд яке аз минтақаҳои дорои имкониятҳои васеъ аст, зеро дар ин ҷо аксар соҳаҳо рушд ёфтаанд.
Татяна Алексеева: Аз таҷрибаи якдигар баҳравар шудем
Муовини директори генералии Палатаи савдо ва саноати шаҳри Могилёви Ҷумҳурии Белорус Татяна Алексеева гуфт:
— Дар Форум намояндагони 9 коргоҳи шаҳри Могилёв маҳсулоти ширкатҳои худро муаррифӣ менамоянд. Мо бори дуввум дар форуми мазкур ширкат меварзем. Дар шаҳри Могилёв коргоҳҳои бузурги коркарди чӯб, бофандагӣ, фабрикаҳои истеҳсоливу ширкатҳои бонуфуз дар самти савдо фаъолият доранд, ки намунаҳои маҳсулоти онҳо имрӯз дар форум пешниҳод шудаанд. Мо бо соҳибкорон ва намояндагони соҳаҳои мазкур вохӯрда, аз таҷрибаи ҳамдигар бархӯрдор гардидем. Гумон мекунем, ки барои ҳамкории минбаъда шартнома баста, дар самтҳои мухталиф имкониятҳои бештарро ба роҳ мемонем.
Ҳамкориҳо вусъат меёбанд
Директори филиали парки Айтии вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Баҳром Ҷалилов гуфт, ки бори аввал аст, ки дар ярмаркаи байналмилалии савдо иштирок менамоянд:
–Ҳадафи ташрифамон дар навбати аввал аз наздик шинос шудан бо фаъолияти соҳибкорони тоҷикистонӣ ва дигар намояндагони кишварҳо буда, умед дорем, ки муносибати байни Ӯзбекистону Тоҷикистон ривоҷ меёбад. Алҳол 40 нафар ҷавонону донишҷӯён ва соҳибкорони ӯзбекистонӣ барои табодули таҷриба ва шиносоӣ бо соҳибкорони пешсафи ин минтақа омадаанд.
Ҷоиз ба қайд аст, ки ба роҳбари намояндагони соҳаҳои саноату кишоварзӣ дар форум намояндагони донишгоҳҳои олии мамлакатҳо низ ҳузур доштанд.
Ректори Донишгоҳи давлатии педагогӣ дар вилояти Сургути Федератсияи Россия гуфт, ки пазироии гарм, нони гарм, ҳавои гарми тоҷикистониён мақбуламон гардид. Шунида будем, ки мардуми тоҷик меҳмоннавозанду қадршинос, ки инро бо чашмони сар дидем.
Бо ташрифи худ ният дорем, ки омӯзгорону донишҷӯёнро ба мактаби олии Сургут ҷалб кунем. Вазифаи асосии донишгоҳ хуб ба роҳ мондани омӯзиши забон, адабиёт ва фарҳанги рус мебошад. Таълими донишҷӯён аз рӯи ихтисосҳои гуногун ба роҳ монда шудааст. Ният дорем, ки байни донишгоҳҳои вилояти Суғд ва Сургут табодули таҷрибаро ба роҳ монем.
Барои пайдо кардани огоҳии бештар дар мавриди ташрифи намояндагони давлатҳои мухталиф бо чанде аз онҳо ҳамсуҳбат шудем.
Шафеъӣ Ҷалол, роҳбари ҶДММ “Душаҳд”-и Ҷумҳурии Исломии Эрон:
– Коргоҳи мо аз соли 2020 инҷониб дар мавзеи Минтақаи озоди иқтисодии ноҳияи Данғара филиали худро дошта, фаъолияти хешро аз истеҳсоли салфеткаҳои хушк, консерва ва нӯшокиҳои ташнагишикан ба роҳ мондааст. Маҳсулоти хоми коргоҳ асосан аз Ҷумҳурии Исломии Эрон ворид гардида, сифати баландро дорост. Шод аз онем, ки дар кишвари бароямон дӯсту бародар меҳмон ҳастем.
Бовар дорем, ки маҳсулоти истеҳсолнамудаи коргоҳ харидорони зиёд пайдо мекунад ва тариқи бастани шартнома ҳамкориро ба роҳ хоҳем монд.
Сюха Бугай, роҳбари коргоҳи туркии “Агромия”:
– Дар коргоҳи мо 106 намуд маҳсулоти кимиёвӣ истеҳсол мегардад, ки ба талаботи сатҳи байналмилалӣ ҷавобгӯст. Пештар барои харидорон, алалхусус кишоварзон маҳсулоти кимиёвии пастсифатро пешниҳод мекарданд ва баъд аз истифодаи маҳсулоти бесертификат заминҳои корами худро зери хатар мегузоштанд. Ин ҳолат метавонад, ба заминҳои кишоварзӣ таъсири манфии худро расонад. Мо мехоҳем, барои мизоҷони худ маҳсулоти баландсифатро пешниҳод кунем.
Ойбек Усмонов, намоянда аз ноҳияи Бахмали вилояти Ҷиззахи Ҷумҳурии Ӯзбекистон:
– Барои ярмаркаи имрӯза наздики 30 намуд маҳсулоти соҳибкорони вилояти Ҷиззахро намуна овардаем. Айни ҳол бо 31 давлати ҷаҳон шартномаи ҳамкорӣ бастаанд, ки Тоҷикистон дар қатори аввалинҳо ба шумор меравад. Имрӯз гардиши маҳсулоти соҳибкорони ду кишвар ба маблағи 6 миллион доллар буда, умед дорем, ки онро ба маблағи панҷоҳ миллион доллар расонем. Намунаи маҳсулоти овардашуда гуногунанд. Яке аз онҳо оина ва шишаҳои гуногун буда, дар заводи оинаи Ҷиззах истеҳсол мешаванд. Маҳсулоти дигар гиёҳи навъи заъфарон буда, барои баланд бардоштани масунияти бадан ва табобати бемориҳои гуногун фоидабахш аст. Баъди ба имзо расидани созишномаҳои ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсоли маҳсулоти гуногунро ба роҳ хоҳем монд.
Абдулазиз Ғуломов, директори заводи гипсокартон «OptiMUs»-и ноҳияи Учкуприки вилояти Фарғона:
– Аз ҷониби заводи мо асосан як намуди масолеҳи сохтмонӣ– гипсокартон истеҳсол мегардад. Санаи 8-уми марти соли 2018 баъди ташрифи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сафари корӣ мо дар якчанд намоишгоҳҳо иштирок карда, бо соҳибкорони тоҷикистонӣ шартномаи ҳамкорӣ бастем ва айни ҳол кӯшиш дорем, ки фармоишҳоро хушсифат ва сари вақт ба мардуми кишвари ҳамсоя расонем. Дар ярмарка иштирок карда, хурсанд аз он гаштем, ки маҳсулоти истеҳсолнамудаи ширкат писанди харидорони тоҷикистонӣ гаштааст.
Тӯли ин ду рӯз меҳмонон бо тамоми шароиту имкониятҳо шинос гардиданд, ки барои онҳо омода шуда буд. Соҳибкорони мамлакатҳои дигар аз корхонаҳои истеҳсолӣ боздид ба амал оварда, баъди гуфтушунидҳои корӣ шартномаву меморандумҳо ба имзо расониданд. Бо мамлакати Арабистони Саудӣ барои содироти асал, бо Ҷумҳурии Белорусия барои ба роҳ мондани маҳсулоти сохтмонӣ ва кишоварзӣ, бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар соҳаи саноат аз ҷониби кишвари мо шартномаҳои тарафайн имзо шуданд. Ёдовар бояд шуд, ки ба хотири гиромидошти анъанаҳои миллии меҳмоннавозии тоҷикона бегоҳи рӯзи аввали ярмарка дар Қасри таърихии Арбоб барои иштирокчиёни ярмарка барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» доир гардида, дар чойхонаи миллии Қасри Арбоб қабули расмии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар сатҳи баланду хотирмон баргузор шуд.
Анвар Яъқубӣ, муовини Раиси вилояти Суғд зимни суханронӣ дар ҷамъбасти форум чунин изҳор дошт:
–Тӯли ду рӯз дар ярмаркаи “Суғд — 2022” зиёда аз 60 меморандуму созишнома ва шартномаҳои ҳамкорӣ бо давлатҳои хориҷ баста шуданд, ки аз он ҷумла 30 созишнома байни корхонаҳои Федератсияи Россия барои содироти молу маҳсулоти кишоварзӣ маҳсуб меёбад.
Бояд гуфт, ки баргузории ярмаркаи мазкур ҳар сол ба ҳукми анъана даромада, дар доираи барномаи он форумҳои озуқаворӣ ва технологияҳо доир мегарданд, ки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ширкату созмонҳои байналмилалӣ ва хориҷу маҳаллӣ пайваста иштирок менамоянд. Ярмаркаи байналмилалии савдо «Суғд–2022» низ чун дигар ярмаркаҳои қаблӣ нишонаи устувор будани иқтисодиёт дар кишвар буда, соҳибкорон метавонанд, маҳсулоти истеҳсолнамудаи худро пешкаш намоянд ва ҳамкориро бо корхонаҳои истеҳсолӣ, ташкилотҳои байналмилалии кишварҳои хориҷӣ қавитар гардонанд.
21 созишнома байни Суғду Ҷиззах
Аз рӯзҳое, ки марзҳои ду давлати ба ҳам дӯсту бародар – Ӯзбекистону Тоҷикистон кушода шуду барои ба дидори ҳам расидани мардуми ду кишвари солҳои сол ҳамдигарро надида мусоидат намуд, чанд сол сипарӣ гардид. Ташрифи нахустини Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев, аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мукофотонида шудани он кас бо ордени фахрии «Зарринтоҷ», ба имзо расидани як қатор санадҳои ҳамкорӣ, боздид аз ҶСК «Қолинҳои Қайроққум» ва НБО «Қайроққум», вохӯрӣ бо фаъолони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар қасри овозадору таърихии «Арбоб»-и ба номи Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев, баргузории шоми дӯстӣ, иштирок дар фестивалу чорабиниҳои гуногуни ҳамдигарӣ, равобити дуҷонибаи тиҷоратӣ дар ҳақиқат баёнгари гуфтаҳои «одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт»-и шоири бузург Мирзо Турсунзода аст.
Дар ин раванд дар қатори дигар намояндагони мамолики кишвар иштироки намояндагони Ҷумҳурии Ӯзбекистон, бахусус соҳибкорону меҳмонони мардуми ҷиззахзамин санаҳои 17-18-уми июни соли 2022 дар Ярмаркаи байналмилалии савдои «Суғд — 2022» дар густариши равобити ҳамкориҳо назаррас буда, ҳар ду ҷониб аз ин вохӯрӣ натиҷаи самарабахш ба даст оварданд.
Ба имзо расидани созишномаҳои ҳамкорӣ байни маъмурияти минтақаи махсуси иқтисодии Ҷиззах бо маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии вилояти Суғд, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Янгиободи вилояти Ҷиззах бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшани вилояти Суғд, ноҳияи Зомини вилояти Ҷиззах бо ноҳияи Шаҳристон ва шаҳри Истаравшани вилояти Суғд, ҶДММ «Янгиобод бахт агрокластер» -и вилояти Ҷиззах бо ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд, ноҳияи Ғаллаороли вилояти Ҷиззах бо шаҳри Истаравшан ва ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд, ноҳияи Янгиободи вилояти Ҷиззах бо ноҳияи Деваштич ва ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд, ҳамчунин ҶСК «Агрокластер чимгорен»-и ноҳияи Зафарободи вилояти Ҷиззах бо ҶДММ «Намаки Ашт» -и ноҳияи Ашти вилояти Суғд, ҶСК «Арпасой Голд Текс»-и вилояти Ҷиззах бо коргоҳи дӯзандагии «Амир»-и вилояти Суғд, «Quwwat group»-и вилояти Ҷиззах бо корхонаи «Садаф»-и вилояти Суғд, «Холдинг Текстил»-и вилояти Ҷиззах бо «Наргис Текстил»-и вилояти Суғд, ҶСК «Zomin KIassder»-и вилояти Ҷиззах бо идораи кишоварзии вилояти Суғд, ҶСК «Баландҷиззах текстил»-и вилояти Ҷиззах бо ҶСК коргоҳи дӯзандагии «Амир»-и вилояти Суғд, Матбааи «Ургенч Тезкор»-и вилояти Ҷиззах бо ҶДММ «Намаки Ашт» ва ширкати таблиғотии «МПринт»-и вилояти Суғд, «Zomin KIassder»-и вилояти Ҷиззах бо идораи кишоварзии ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд, ҳамчунин ҶДММ «Модерна керамик Фарғона»-и вилояти Ҷиззах бо соҳибкори инфиродӣ М.Ҷӯраев аз вилояти Суғд бори дигар собит сохт, ки ҳар ду ҷониб аз ин иқдоми пешгирифтаи роҳбарияти вилоятҳо шоду мамнунанд.
Дар вохӯрӣ ва бастани созишномаи дуҷониба, ки байни Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Ҳокими вилояти Ҷиззах Эргаш Солиев сурат гирифт, дар умум 21 созишнома ва меморандум байни коргоҳҳои истеҳсолии вилояти Ҷиззахи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон баста шуд.
Андар РАҲМОНӢ,
Гулҷаҳон ТУРСУНЗОДА,
Шоира САЛИМОВА,
Шаҳбону ОЛИМОВА
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ