Ясмин Ан-Нимр. Аввалин бонуи бадансози тоҷик кист?
Варзишгари тоҷик Ясмин Ан-Нимр барандаи чемпионати 13-уми ҷаҳон дар риштаи бадансозӣ — WBPF дар Тайланд шуд. Ӯ дар мусобиқаи инфиродӣ баромад карда, миёни варзишгарон беҳтарин дониста шуд. Ясмин аввалин ва ягона бону аз Тоҷикистон аст, ки дар ин навъи варзиш шуҳрат пайдо кардааст.
Дастгирӣ аз Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон ба бодибилдинг ё бадансозӣ — риштаи варзише, ки Ясмин машғул аст, назарҳо мухталиф мебошанд.Чемпионати бадансозӣ феълан яке аз тамошобобтаринҳо дар ҷаҳон арзёбӣ мешавад, ки дар он шахс тамоми зебоии ҷисм, ҳаҷм ва сифати мушакҳои худро нишон медиҳад. Ясмин Ан-Нимр дар ин ришта беҳтарин варзишгари Тоҷикистон дониста мешавад.
Ба гуфтаи бонуи бадансоз, ҳамватанон аз пирӯзиҳояш меболанд ва ин ӯро руҳбаланд мекунад.
«Баъд аз чемпионати Осиё ва ҳоло пас аз чемпионати ҷаҳон бисёр менависанду маро табрик мекунанд. Ташаккур ба ҳама! Ба мусобиқаи кунунӣ хуб омодагӣ дида будам»,-мегӯяд варзишгар.
Ясмин гуфт, тамринҳояш сангину пурсамар буданд ва имкон доданд, ки ӯ дар чемпионати ҷаҳон якум шавад.
Тоҷикараб Ясмин
Бисёриҳо аз Тоҷикистон будани Ясминро бовар надоранд. Лек Ясмин тоҷик аст. Падари ӯ араб ва модараш тоҷик мебошанд. То хатм кардани мактаб Ясмин дар шаҳри Маскав зиндагӣ мекард ва ба Тоҷикистон наомада буд.
“Ман давраи кӯдакӣ ва мактабро дар Маскав гузаронидаам. Пас аз хатми мактаб ман ба Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон аз рӯи ихтисоси робитаҳои байналмилалӣ дохил шудам ва ба Тоҷикистон омадам. Яъне ман қариб 25 сол мешавад, ки дар Душанбе ҳастам”,- гуфт Ясмин.
Ясмин бо чаҳор забон: тоҷикӣ, русӣ, арабӣ ва англисӣ озод гап зада метавонад. Ӯ аз рӯи ихтисосаш қариб 17 сол кор кардааст. Лек мегӯяд: “Вақте ба варзиш рӯй овардам, дигар кор бо варзиш ба ман гаронӣ кард ва ҳозир пурра ба варзиш гузаштам. Дигар кор намекунам”.
Роҳ ба сӯйи варзиш
Ясмин аз соли 2015 ба ин сӯ ба варзиш машғул аст. Ибтидо барои тамрин гоҳ-гоҳе ба толори варзишӣ мерафт. Рӯзе Ясмин дар толори варзишӣ бо мураббӣ Олим Парпиев вомехӯрад ва ҳамин сабаб мешаваду ӯ ба варзиш рӯй меорад.
“Тамринро аз намуди пауэрлифтинг оғоз кардам. Дар ин ришта зиёда аз 5 сол ҳунарнамоӣ намудам” — бо эҳсосот қайд мекунад варзишгар.
Ясмин аз риштаи пауэрлифтинг дар мусобиқаҳои шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ ҳар сол зинаи аввалро касб мекард ва ба худ ҳамто надошт. Вале аз ин намуд дар мусобиқаҳои берун аз кишвар ҳунарнамоӣ накарда буд.
“Рӯзе пас аз тамрин мураббиям Олим Парпиев ба ман гуфт, ки “Ясмин, биё, туро аз намуди бодибилдинг омода мекунем ва дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ ширкат меварзӣ”. Ман аввал розӣ нашудам, аммо мураббиям гуфт, ки “пауэрлифтинг таҳкурсии хуб аст, ту дар ин намуд муваффақ мешавӣ”. Ҳамин тавр, ман як сол омода шудам ва соли 2021 моҳи октябр дар мусобиқаи байналмилалии Тошканд аз ин намуд ҳунарнамоӣ кардам”,- ба ёд меорад Ясмин.
Вақте Ясмин аз пауэрлифтинг ба бодибилдинг рӯй овард, 84 килограмм буд ва дар давоми тамринҳо ӯ тавонист, ки 30 килограмм вазни хешро дар як муддати кӯтоҳ партояд, ки инро ҳар варзишгар анҷом дода наметавонад.
Умед ба оянда
Жасминро мураббӣ Олим Парпиев тамрин медиҳад, ки дар гузашта роҳбарии Федератсияи бадансозию вазнбардории Тоҷикистонро ба уҳда дошт.
«Барои кишвари мо ин дастоварди бузург аст — духтари тоҷик дар чемпионати ҷаҳон ғолиб шуд. Барои варзиши занон ин як пешравии бузург аст, бахусус дар чунин як намуди душвори варзиш»,- мегӯяд Парпиев.
Маврид ба зикр аст, ки Жасмин тобистони соли равон дар 54-умин Чемпионати Осиё дар риштаи бадансозӣ дар Молдив нишони тилло ва нуқраро ба даст овард. Қабл аз ин дар мусобиқае дар Тошканд низ ғолиб омада буд. Ан-Нимр ният дорад ҳунарнамоиҳои худро дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ идома диҳаду ба дастовардҳои ҷадид ноил гардад.
Д. ҚОДИРПУР
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ