Ёвон: Ба ҳашт қарор эътироз оварда шуд
Дар шаш моҳи соли равон аз ҷониби мақомоти прокуратура ба ҳашт қарори раиси ноҳияи Ёвон эътироз оварда шудааст. Бояд гуфт, ки эътироз ба қарорҳои раисони собиқ оварда шудааст.
Бахтиёр Шарифӣ, раиси ноҳияи Ёвон 10-уми августи соли ҷорӣ дар нишасти хабарӣ гуфт: “Қарорҳое, ки аз ҷониби ман имзо шудаанд, ба онҳо эътироз оварда нашудааст”. Ӯ афзуд, ки давоми сол ҳашт қарор бекор карда шуда, онҳо қарорҳои раисони собиқ мебошанд.
“Қарорҳои соли 2011, 2013, 2017 ва ду қарори соли 2021 бекор шудааст. Соли 2013 ҳукумати ноҳия бо як ширкати Ҷумҳурии мардумии Чин барои кишти пахта дар заминҳои ноҳияи Ёвон шартномаи 50-сола имзо карда буд. Мақомоти маҳаллӣ ҳуқуқи имзо кардани чунин қарорро надорад. Дар асоси ариза Прокуратураи генералӣ ба қарори мазкур эътироз овард ва он бекор гардид”,- афзуд раиси ноҳия.
Дар нишасти матбуотии Прокуратураи вилояти Хатлон гуфта шуд, ки дар шаш моҳи соли 2023 ба 225 қарори раисони шаҳру ноҳияҳо вобаста ба замин эътироз оварда шудааст, ки 92 эътироз ба раисони амалкунанда тааллуқ доштааст.
Машраби АЛОВИДДИН
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ