Юлдуз Усмонова 185 миллион сӯм ҷарима шуд

Санъаткори машҳури Ӯзбекистон Юлдуз Усмонова муваззаф шудааст, ки ба шоир Юлчй Рузиев барои поймол кардани ҳуқуқи муаллиф 185 миллион сӯм пардохт кунад. Ин тасмим дар суди байниноҳиявии Мирзо-Улуғбек гирифта шудааст, хабар медиҳад Агентии моликияти зеҳнии Ӯзбекистон дар шабакаиTelegram-и худ. Ҳунарпешаи мардумии Ӯзбекистон таронаи «Хаста булма»-и Юлчӣ Рӯзиевро, ки ҳанӯз соли 2016 навишта будааст, бидуни пардохти ҳаққи муаллиф иҷро кардааст. Шоир аз болои Усмонова ба додгоҳ шикоят бурдааст ва рӯзи 29 октябр,муҳокимаи озоди ин парванда баргузор шуд. «Бо қарори ниҳоии додгоҳ даъво қисман қонеъ карда шуд. Додгоҳ ҷавобгарро муваззаф кард, ки 50 миллион сӯм ҷуброни зарари маънавӣ ва 500 баробар барои нақзи ҳуқуқи муаллиф, ки дар маҷмӯъ 185 миллион сӯмро ташкил медиҳад, ҷуброн кунад», — гуфтанд дар ин ниҳод. Тибқи иттилои ин ниҳод, мувофиқи қонунгузории Ӯзбекистон, дар сурати поймол шудани ҳуқуқи муаллиф, ӯ ҳақ дорад, ки дар ҳаҷми аз 20 то 1000 арзиши асосии ҳисобӣ ҷубронпулӣ гирад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *