Юсуф Раҳмон ва Сергей Шойгу дар бораи қатли навраси 10- солаи тоҷик суҳбат карданд

Котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон Юсуф Раҳмон ҳамроҳи Сергей Шойгу дар бораи қатли Қобилҷон Алиеви 10- сола суҳбати телефони анҷом доданд. Ба навиштаи расонаҳои русӣ ин гуфтугӯ рӯзи 17- уми декабр анҷом дода шудааст.   Сергей Шойгу гуфтааст, “мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия барои таҳқиқи ҳамаҷониба ва объективии ҳамаи ҳолатҳо ва ҷузъиёти ин ҷиноят чораҳои зарурӣ меандешад”.