Забҳи чорво дар назди баландошёнаҳо ҷарима дорад
Аз сокинони шаҳри Душанбе хоста шудааст, ки чорвои худро дар рӯзи Иди Қурбон дар назди баландошёнаҳо забҳ накунанд. Вагарна аз 8 то 16 ҳазор сомонӣ, муодили тақрибан аз ҳазор то ду ҳазор доллар, ҷарима хоҳанд шуд. Ин огоҳӣ бо имзои раҳбарияти ширкати “Манзилхидматрасон”-и пойтахт дар аксари биноҳо насб шудааст.
Раҳбари яке аз маҳаллаҳои шаҳри Душанбе гуфтааст, дар ҳар минтақаи шаҳр барои забҳи чорво ҷойҳои махсус сохта шудааст ва бояд сокинон дар онҷо қурбонии худро омода кунанд. Вай ҳамчунин гуфтааст, “дар ҷои махсус ҳама ҳаққи куштани чорворо дорад. Аз ҳеҷ кас ягон танга гирифта намешавад. Фақат ҳар нафаре, ки қурбонӣ кардан мехоҳад, бояд мол ва қассоби худро биорад.”
маҳалли забҳи чорво дар гӯшаҳои Душанбе ба ҳама меъёри гигиенӣ мувофиқ аст ва ҳадафи мақомот низ “риояи тозагист”. Дар гузашта сокинони Душанбе бидуни мушкил дар назди манзилҳои худ чорворо забҳ мекарданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ