Забони тоҷикӣ дар Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург
Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург қарор аст барномаҳои таълимӣ барои омӯзиши забон, фарҳанг ва таърихи Тоҷикистон таҳия кунад.
Дар ин бора Николай Кропачев, ректори Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург зимни бастани созишномаи ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон изҳор дошт.
Тавре муовини аввали сардори Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ Ҷамшед Ҷӯразода қайд намуд, ҳамкориҳои Федератсияи Русия ва Тоҷикистон хусусияти стратегӣ дошта, махсусан дар соҳаи маориф фаъолона амалӣ карда мешаванд.
«Мо медонем, ки Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург қадимтарин ва яке аз бонуфузтарин донишгоҳҳои Русия аст. Хеле хушҳолем, ки бо шумо ҳамкорӣ хоҳем кард»,- афзуд ӯ.
Дафтари матбуоти донишгоҳ тавзеҳ дод, ки айни замон дар Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург 64 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ таҳсил мекунанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ