Зафаробод: Сокинони Орзу дар орзуи об
250 хонаводаи деҳаи Орзуи ноҳияи Зафаробод, ки солҳои дароз дар орзуи оби полезӣ ҳастанд, акнун дар ҳасрати оби ошомиданӣ мондаанд.
Сокинони ин деҳа, ки замони шӯравӣ аз водии Зарафшон муҳоҷир шудаанд, дар ин мавзеъи сарҳадӣ замоне, асосан, ба кишти ғалладона машғул буданд ва дар гузашта ин макон ҳамчун “зерносовхоз” шинохта мешуд. Ҳоло бошад, дар натиҷаи беэътибории мақомоти маҳаллӣ ва масъулини ин соҳа мардум на танҳо барои кишт об намеёбанд, балки барои худу чорвои худ низ бо мушкили обро дастрас мекунанд.
Сокинони ин деҳа ба унвони мо менависанд, ки зиёда аз 15 рӯз аст чоҳи амудии деҳа аз кор монда мардум, кӣ пиёда ва кӣ савора аз масофаи дур об мекашонад, то зиндагиашонро пеш баранд. Аз рӯи гуфти мардуми маҳаллӣ ва коршиносон эҳтимол чоҳи амудӣ дар натиҷаи фурӯ рафтани хок дар чуқурии 57 метр аз кор мондааст, ё дигар об дар ин чуқурӣ вуҷуд надорад. То имрӯз дар ҳолатҳои садама ва ё корношоям шудани дастгоҳи ин чоҳ худи сокинон аз ҷайби худ онро таъмир мекарданд ва ҳоло бошад дигар оҷиз монданд.
Мақомоти ноҳияи Зафаробод дар ин масъала чӣ посух мегӯяд? Кай мушкили сокинони ин деҳа роҳи ҳал меёбад?
С. СУЛТОНЗОДА
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ