«ЗАГС» бо чор нафар: Қоидаҳои нави баргузори тӯй
Масъулони ҳукумати шаҳри Хуҷанд зимни баргузории як ҷаласа иттилоъ додаанд, ки 45 % — и гирифторони коронавирус ҳангоми иштирок дар туйю маъракаҳо сироят ёфтаанд. Дар ин бора сомонаи sputnik-tj.com хабар дод.
Тибқи иттилои манбаъ Маъруф Муҳаммадзода, раиси шаҳри Хуҷанд дар ҷаласа аз масъулини сохторҳои ҳукумат тақозо намудааст, ки ба хотири коҳиш ёфтани вазъи бемории COVID-19, баргузории маърака ва туйҳои арӯсию домодиро бештар ба назорат гиранд ва муқарраротҳои нав ҷорӣ намоянд.
Ҷаноби Муҳаммадзода гуфтааст: «Гурӯҳҳои корӣ бинед, агар мардум тартибро риоя накунанд, маҷбур мешавем баргузории туйю маъракаҳоро манъ кунем. Дар вақти иҷозат додан ҳатман аз соҳибони туй баёнхат барои вайрон накардани танзими иштирокчиёни маъракаро гиред. Баъзеҳо бо 200 — 300 сомонӣ ҷарима халос мешавам гуфта, танзим дар замони пандемияро риоя намекунанд. Агар чунин рафтор кунанд, минбаъд ҷаримаро сахтар мекунем».
Масъулони ҳукумати Хуҷанд теъдоди гирифторони бемории коронавирусро шарҳ дода, гуфтанд, ки аз оғози сабти пандемияи каронавирус то имрӯз дар шаҳри Хуҷанд, 4 ҳазору 650 мавриди сирояти беморӣ ба қайд гирифта шудааст, аз ин шумор 3114 нафар дар ду беморхонаи Суғд ва таваллудхонаи Хуҷанд табобат гирифта, ҳамзамон 1536 нафар дар зери муоинаи амбулатории духтурон қарор доштанд.
Бино ба иттилоъи Фирӯза Нуруллозода, муовини раиси шаҳри Хуҷанд, ҳоло 128 нафар бо сирояти илтиҳоби шадиди шуш дар беморхонаҳо, 64 нафар бо ҳамин гуна ташхиси беморӣ дар табобати амбулаторӣ ва 35 нафар бо аломати COVID-19 зери назорати амбулаторӣ қарор доранд.
Раиси шаҳри Хуҷанд ба масъулин дастур додааст, ки минбаъд дар вақти иҷозат додани баргузории маърака, аз соҳибони туй баёнхати риояи танзим гирифта, аксгирӣ ва оростани маросим дар паси толори САҲШ манъ карда шуда, маросими «ЗАГС» танҳо бо ширкати чор нафар иҷозат дода шавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ