Замбурӯғ. Таъми он ҳоло ҳам аз даҳон нарафтааст…

Субҳи босафои рӯзи якшанбе. Аспи сиёҳмушкинро зину лаҷом зада, бо мақсади ҷамъоварии замбурӯғ ба куҳ мебароям. Чун рӯзҳои охири нашъунамои замбурӯғ аст, шитоб дорам. Метарсам, ки мавсим ба охир нарасад ва замбурӯғ нохӯрда намонад.

Вақте аз деҳа боло рафтаву ба роҳи куҳ ворид мешавам, ду нафар ҳамдеҳагонро мебинам, ки борхалтаҳо дар пушт, оҳиста-оҳиста қадам мезананд. Бо онҳо пайваставу роҳро идома медиҳем. Баъди тай кардани масофае чанд, нафаре аз онҳо болои санг мешинад. Аз асп пиёда мешаваму ӯро савор мекунам. Пас аз паймудани чандсад метри дигари роҳ дувумӣ болои санг менишинад. Аввалиро аз асп пиёда кардаву ӯро паси зин мешинонам. Ҳамин тавр, то паси сар кардани роҳи морпечу мушкилбарои доманаи куҳ навбати савор шудан ба асп насибам намешавад.

Асп қадам мемонад ва ду нафари мо — пиёдаҳо баробараш қадам гузоштаву ба макони замбурӯғҳо наздик мешавем. Ҳамин вақт дӯсти савораамон худро аз рӯйи зин ҳаволаи замин мекунаду башиддат пеш медавад. Ҳамроҳи дигарамон аз пасаш метозад. Бандаи ганда инак фурсат ёфтаву худро пушти зин мегирам ва сиёҳмушкинро маҳмез мезанам. Ҷонвар ба тоз медарояд ва роҳро миёнабур кардаву аз пешорӯи ҳамдеҳагонам мебарояд. Назди онҳо қарор гирифтаву беихтиёр хандаи асабхарош аз ниҳодам берун меояд. Дарк мекунам, ки аҳмақ шудаанд. Аз дур суробҳои сафедро дидаву фикр кардаанд, ки онҳо замбурӯғанд. Аммо не, суробҳо кӯлоҳҳои замбурӯғчинҳо будаанду дӯстони ман фирефта шудаанд.

Воқеан, ба атроф дида медӯзам ва гурӯҳ-гурӯҳ замбурӯғчинҳоро мушоҳида мекунам. Ба ҳамроҳонам рӯй меорам ва пешниҳод мекунам, ки роҳамонро ба самти дигар тағйир диҳем, зеро дар муқоиса бо солҳои пеш, ҳоло хоҳишмандони хӯрдани замбурӯғ бештар шудаанд. Қабул мекунанд. Аммо, дар идома кор печидатар мегардад. Ҳар ду дӯстамро барои ду дона замбурӯғи нокиро ҷанг мешавад. Танҳо ҳамон лаҳза мефаҳмам, ки онҳо ба ҷуз борхалтаҳои пушташон ягон лавозимоти сафарро бо худ нагирифтаанд. Яке панҷа ба замбурӯғи якум мезанад, дигарӣ хоку решаи замбурӯғи дувумро бо нохун меканад. Ман ба шигифт меоям. Таъкид мекунам, ки бо хоку аз реша кандани замбурӯғ қирон овардан ба насли он ва зарар расонидан ба табиат аст. Гӯш надода, ҳушдор медиҳанд, ки кори худамро кунам.

Ба гуфте, аз ҳамроҳонам қаҳр мекунам, аз онҳо ҷудо мешавам. Мераваму меравам ва ногоҳ сафедие ба назарам менамояд. Аспро ҷониби ҳадаф метозонам. Оҳооо, чӣ мебинам!? Чунон замбурӯғе, ки бо он азаммату бузургӣ, амсолашро тасаввур карда наметавонистам. Дарзамон фикре ба сарам меояд, ки таъҷилан кордро аз тасмаи шим озод намудаву замбурӯғро реза-реза кунам. Вале ҳанӯз пой аз узангу нагирифта, тасодуф барин, бориши борон оғоз мешавад. Зуд аспро ба зери замбурӯғ ронда, худро низ ҷой мекунам. Гирди замбурӯғ чарх задаву синчакорона наззора карда, мутмаин мешавам, ки он заҳрнок нест. Оташ гиронда, порае аз замбурӯғро буридаву кабоб карда мехӯрам ва то лаҳзаи аз боридан мондани борон паҳлу зада, истироҳат мекунам.

Ним соат мегузарад ва нурҳои офтоб пардаи абрҳоро даронида, оҳиста-оҳиста намудор мешаванд. Ман даст ба кор мешавам. Як кунҷи замбурӯғро бурида, ба хӯрҷин ҷой мекунам. Борхалтаам ҳам пур мешавад. Ба худ меандешам, ки “ин борро саломат ба деҳа фароварда, навбати дигар бо худ чор-панҷ асп меорам ва замбурӯғи боқимондаро барои фурӯш мебарам”.

Банди хаёли бе боҷу чек, 60 сомонӣ фурӯхтани ҳар кило замбурӯғ, то болои деҳа расиданамро надониста мемонам. Ҳамин вақт собиқ ҳамроҳонамро мебинам, ки аз борон шип-шилта шудаву теппаи канори роҳи маркабгузарро поин мешаванд. Аз пушти ҳарду лойоба метаровад, чун дар борхалтаҳояшон замбурӯғҳоро бо хоку решаҳояшон ҷой кардаанд. Ба нафаре, ки солортар аст, садо мезанам:

— Ака, пуштат тар шудааст, хунук мезанад, мемурӣ!…

Садо такрор меёбад:

— Ака, пуштат тар шудааст…

Чашм мекушояму ҷиянамро мебинам, ки ҳайрон-ҳайрон ба ман менигарад ва чӣ кор карданашро намедонад. Дарзамон чанд лаҳза пешро ба ёд меорам, ки айни нармсозии бехи буттаҳои картошка бо мақсади миён рост кардан канори майдони кишт дароз кашида будам. Маълум мешавад, ки хобам бурдааст ва дар бадии кор, оби ҷӯйборчаи болои майдон бероҳа шудаву ба самти ман фаромадааст.

Акнун, намедонам экстрасенси машҳур Холиқназар Ҷумъазода ин хоби маро чӣ гуна таъбир мекунад, вале маззаи замбурӯғи дар хоб хӯрдаам ҳоло ҳам аз даҳон нарафтааст.

Фазлиддин АСОЗОДА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *