Заминҷунбӣ дар наздикии Тошканд
Маркази ҷумҳуриявии заминларзашиносии Вазорати ҳолатҳои фавқуллодаи Ӯзбекистон хабар додааст, ки дар қисмати марзии байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон заминларза ба қайд гирифта шудааст.
Заминҷунбӣ тақрибан соатҳои 16:00 бо вақти Душанбе ва Тошканд рух додааст.
Қувваи заминҷунбӣ 3,3 балл ва умқи он 10 километрро ташкил кардааст.
Масофа аз маркази зилзила то Тошканд дар самти ҷанубу ғарбӣ тақрибан 132 километр ва аз Гулистони Ӯзбекистон тақрибан 44 километр будааст.
Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон ҳодисаро феълан шарҳ надодааст.
Ёдовар мешавем, ки 26 апрели соли 1966 дар Тошканд заминларзаи харобиоваре сурат гирифта буд,ки он замон қариб тамоми биноҳои шаҳри қадима фурӯ рафта буданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ