Замин аз мост! Вокуниши Аҳмадзода ба баҳси ҷониби Қирғизистон
Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояи Суғд гуфт, ки роҳи Ӯш-Исфана, ки аз маҷрои Исфара мегузарад, ба қаламрави Тоҷикистон тааллуқ дорад.
Аҳмадзода мегӯяд, ки Қирғизистон барои баҳсбарангез донистани минтақаи мазкур асосҳои ҳуқуқӣ надорад: «Маҷрои рӯдхонаи Исфара бо ду соҳилаш 275 метр дарозӣ дорад, ки аз он ҷо шоҳроҳи Ӯш-Исфана мегузарад ва сарзамини асили тоҷикон аст».
Ҳамчунин, раиси вилоят таъкид мекунад, ки қитъаи маҳаллаи Зарафшон ё Торт-кочо тибқи ҳуҷҷатҳои солҳои 1924-1929 ва маводи комиссияи паритетӣ аз соли 1989 ба Тоҷикистон тааллуқ дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ