Зан баъди 40-солагӣ пир мешавад? Чанд маслиҳати муфид

Пиршавии пӯст на танҳо аз синну сол, балки аз омилҳои гуногун низ вобастагӣ дорад. Яке аз сабабҳои асосии пиршавии пӯст таъсири нурҳои офтоб мебошад. Нурҳои зарарнок ба қабати эпидермис дохил гардида, бофтаҳои коллагениро вайрон мекунанд ва ин боиси пайдоиши чинҳои бармаҳал мегарданд.

Чанд маслиҳати муфид:

1. Ба бонувоне, ки бештар дар зери офтоб қарор доранд, аз малҳамҳои ҳифзкунанда истифода бурданро маслиҳат медиҳем. Тамоми косметикаи шумо бояд хусусияти аз офтоб ҳифзкунанда дошта бошад, ҳатто лабсурхкунак ҳам.

2. Ширинӣ пӯстро безеб мекунад Истеъмоли зиёди қанду ширинӣ ба ҳолати пӯст таъсири манфӣ мерасонад. Тамоми маҳсулоти дар таркибашон оҳардошта дар ҷисм ба қанд мубаддал гашта, ҷараёни пиршавиро метезонанд.

3. Хӯрдани донаи каду ва моҳии равғанин аз манфиат холӣ нест.

4. Пӯсте, ки намнокиаш гум шудааст, аз меъёр зудтар пир мешавад. Оби бисёр нӯшида (на камтар аз панҷ истакон об дар як рӯз, вобаста ба вазъи саломатӣ) метавонед аз ин мушкилот эмин монед. Беҳтараш оби минералии бе газ нӯшед. Агар баъди нӯшидани об пӯстатон варам мекарда бошад, бо табиб маслиҳат кунед.

5. Пиёдагардӣ ва машқҳои ҷисмонӣ танҳо ба фоидаи солимии пӯсти рӯй аст.

6. Хоби солими 7-соата ҷараёнҳои ҳаётан муҳими организмро ба эътидол меорад. Камхобӣ боиси паридани ранги рӯ, сиёҳшави пӯсти атрофи чашм ва пайдоиши чинҳои бармаҳал мегардад. Ба ақидаи геронтологон соати 22 шаб организм бояд аллакай дар истироҳат қарор дошта бошад- хоб дар ин вақту соат афзалияти бештар дорад

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *