Зан шавҳарашро белу каландкуӯб кард
Нисбати зан парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 111 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуд
Тавре ВКД хабар медиҳад, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 45-солаи сокини шаҳри Конибодом ҳамчун гумонбар дар қасдан расонидани зарари миёна ба саломатӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, рӯзи 29-уми марти соли 2021, тахминан соати 19:30-дақиқа, бинобар муноқишаи оилавии ба миён омада, дар саҳни ҳавлии истиқоматиашон бо шавҳараш марди 79-сола ҷангу ҷанҷол карда, ӯро якчанд маротиба бо бел ва каланд ба узвҳои баданаш задааст.
Мувофиқи хулосаи ташхиси судӣ-тиббӣ таҳти №130 аз 30-юми марти соли равон ҷароҳати бардоштаи номбурда зарари миёна ба саломатӣ мансуб мебошад.
Нисбати зани гумонбар парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 111 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ