Зане дар Тошканд худро бо кӯдаконаш аз 9-ум ошёна партофт

Прокуратураи генералии Ӯзбекистон тафсилоти ҳодисаи фоҷиабор дар ноҳияи Сергелии шаҳри Тошкандро ошкор кард, ки дар он як зан худ ва фарзандонашро аз тирезаи ошёнаи 9-ум ба берун партофт.

— Фоҷиа шоми рӯзи 3-юми апрел дар яке аз биноҳои бисёрошёна дар маҳаллаи ҳаштуми ноҳияи Сергелӣ рух додааст,- хабар медиҳад Агенти иттилооотии Podrobno.uz.

Дар хабар омадааст, ки “як зани 27-сола, ки дар ошёнаи 9-ум зиндагӣ мекард, бо сабабҳои номаълум се фарзандаш — ду писарбача (4 ва 5-сола) ва ҳамчунин як духтарчаи яксоларо назди тирезаи хонаи хоб оварда, аввал писарчаҳо, баъд духтарча ва сипас худро аз тиреза ба поён партофт”.

Ҳамаи онҳо фавтиданд. Ҳоло прокуратура сабабҳои даст ба чунин амали мудҳиш задани занро таҳқиқ мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *