Зане, ки дардро бо ханда мекушад

Бевафоӣ кард Нуриддини азизаш ба Робия ва билохира, ӯро бо се тифли кӯчак танҳо гузошту рафт ба олами хомӯшон. Танҳо монд байни замину осмон ҷавонзани 25- сола ва чун дипломи рӯзноманигорӣ дошт, омад ба шаҳр.

Ин ҷавонзани сарвқомат мудом ханда бар лаб ба куҷое шитоб дорад, гӯё Худованд ӯро маҳз барои такудав офарида бошад. Гоҳ сӯи типография медавад, гоҳ ба сӯйи вазорат, гоҳ дар ҷустуҷӯи қаҳрамон асту гоҳи дигар дар талоши ёфтани маблағ барои чопи шумораи навбатии маҷаллааш.

«Истиқбол» акнун барои Робияи Холмирзо дар қатори се фарзандаш фарзанди чорум гаштааст ва ӯ модарвор ҳамеша барои бачаи маънавиаш ҷон мекоҳонад. Осон нест дар шароити кунунии буҳрони иқтисодӣ кашидани бори як маҷаллаи бонуфуз, аммо Робия ҳеҷ гоҳ лаб ба шикоят намекушояд, зеро шиква кардан хислати заифон аст. Ҳарчанд Худованд ӯро ҷинси латиф-зан офаридааст, хислати мардона дорад Робия. Дар тули умри кӯтоҳаш чӣ монеаҳоеро, ки пушти сар накард ва чӣ дарду азобҳоеро, ки надид, аммо ҳеҷ гоҳ пеши касе сар хам накардаву дасти тамаъ сӯйи касе дароз нанамуда ва ҳаргиз пеши нокасон оби дида нарехтааст. Дардро ҳамеша бо ханда мекушад ин зани қавиирода ва бар рағми ҳама  шикастҳо талош мекунад барои ободии Ватану осудагии рӯзгору бачаҳояш.

Ҳанӯз 25 сол дошт, ки шавҳараш Нуриддин ба беморӣ печида, билохира ҷавонмарг шуд. Сангинтарин айёми ҳаёташ буданд он рӯзҳои талху шум. Ҷавонмарде, ки аз ҷон бештар дӯсташ медошт, дар пеши чашмонаш мисли шамъ дар курраи оташи дард сӯхта, рӯз то рӯз обу адо мешуд ва дили Робия бо дидани ин манзара реш-реш мегашт, вале бечора буд пеши қазову қадар, зеро самар намедод талошҳояш барои наҷоти ҷони шавҳар. Болои сӯхта намакоб гуфтагӣ барин, модаршӯяш гоҳ-гоҳе иллат мекард: «Бачаҳота гирифта хонаи очат рав, касал аст бачам, дар гӯшаш овози кӯдак намефорад…»

Ин ҳарфҳои модаршӯй аз ҷавшани ҷонаш мегузаштанд, мехост фарёд занад, ки ин бачаҳоро ман аз хонаи падарам наовардаам, инҳо фарзандони писари шумо ҳастанд, аммо ба лаб муҳри хомӯшӣ зада чизе намегуфт, то дили кампирро озор надиҳад, охир ӯ ҳам модар асту дар ғами ҷигарбандаш месӯзад, дилаш об мешавад. Ҳамрози ягонааш болини зери сараш буд, чун Нуриддини беморашро лаҳзае хоб мебурд, Робия сарашро ба болин зер карда, мегирист. Аз сари шаб то дами субҳ мегиристу мегиристу мегирист…

Бевафоӣ кард Нуриддини азизаш ба Робия ва билохира, ӯро бо се тифли  кӯчак танҳо гузошту рафт ба олами хомӯшон. Танҳо монд байни замину осмон ҷавонзани 25- сола ва чун дипломи рӯзноманигорӣ дошт, омад ба шаҳр.

Ҳамин тавр, Робия бо се фарзанд дар пойтахт иҷоранишин шуда, дар ҳафтаномаи «Муҳаббат ва оила» ба кор оғоз кард…

Осон набуд дар он солҳои баъди ҷанги бародаркушӣ, дар он давраи қаҳтӣ хӯрондану пӯшондани се бача барои як зани танҳо дар шаҳри бузург, аммо  Робия ҳама мушкилиҳои ҳаёташро ба танҳоӣ мардона паси сар карда, ҳаргиз имдод намепурсид, зеро медонист, ки касе беғаразона ба як зани танҳо кӯмак нахоҳад кард. Ба хотири он ки фарзандонаш гурусна намонанд, танашон пӯшида бошад ва пеши касу нокас хору зор нашаванд, дар ду идора кор мекард, бар замми ин, гоҳе шабҳо ширинию кулчақанд ва самбӯсаю нон мепухт. Субҳгоҳон писари калониаш маҳсули дасти модарро ба бозор бурда мефурӯхт. Ҳамин тавр зиндагиашро танҳо бо арақи ҷабину нони ҳалоли меҳнатӣ пеш бурда, бо ин ҳама талошу мушкилиҳо боз шеър мегуфт.

Ба гуфти Низом Қосим гарчанд зиндагии Робия аз шеър нест, вале шеъраш ҳама аз зиндагист. Китоби аввалинаш бо унвони «Атри алам» соли 2003 аз чоп баромада, аз ҷониби адабиётшиносон баҳои баланд гирифт. Равону зебо ва саршори эҳсосоти пок буданд шеърҳои Робия. Туфайли қалами тезаш ӯ ба яке аз бонуфузтарин рӯзномаҳои кишвар «Адабиёт ва санъат» роҳ ёфт. Қариб 10 сол Робияи Холмирзо дар қатори машҳуртарин шоиру нависандагони тоҷик дар «Адабиёт ва санъат» заҳмат кашида, боз ду китоби дигари ашъорашро ба табъ расонд «Вақте ки ангурҳо ранг меоранд» ва «Алами сабзи ёдҳо» баёнгари розҳои дили саршори меҳри Робияанд. Басо аҷибанд тасвирҳои шоиронааш, баҳорро дугона мегӯяду аз шир-шири борон садои пойи ёри гумгаштаашро меҷӯяд ва қатори чашма мегиряд дар шеърҳояш..

Мо ин зани боирода, шоираи ширинбаён, журналисти шинохта ва бибии хеле ҷавону зебо-Робияи Холмирзоро бо «Рӯзи Модар» ва иди матбуоти тоҷик самимона муборакбод гуфта, таманнои онро дорем, ки ханда ҳаргиз аз лабонаш канда набошад, зеро табассуми зебои ин «дугонаи баҳор» мисли офтобак дилҳоро ба зиндагӣ гарм месозад…

Ф. Сатторӣ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *