Зарари сӯхтор дар бинои 6-ошёнаи Ваҳдат 86 000 сомонӣ будааст

Вазорати корҳои дохилӣ зарари сӯхтор дар як бинои 6-ошёнаи шаҳри Ваҳдатро муайян намуд.

Ин ниҳод имрӯз иттилоъ дод, ки ҳодиса 16-уми апрели соли 2023, шабона дар ошёнаи 6-уми бинои истиқоматӣ, воқеъ дар кӯчаи Эрҷигитови шаҳри Ваҳдат ба амал омад.

“Мувофиқи ҳисобҳои пешакӣ зарар аз сӯхтор ба 86 000 сомонӣ баробар аст”,- афзуд манбаъ.

Тибқи иттилои манбаъ, масоҳати оташсӯзӣ 450 метри мураббаъ болопӯши бинои истиқоматӣ (монсард)-ро дар бар гирифтааст ва зарари ҷисмонӣ нест.

Таҳқиқи ҳодисаи сӯхтор аз тарафи мутахассисон идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *