Зарина худкушӣ кард ё …

Дар як наворе, ки аз ҷои ҳодиса гирифта шудааст, наздикони ӯ ҳалқаи дор ва баландии сақфи биноро нишон дода, мепурсанд, чӣ гуна дар ин боми паст ва ресмоне, ки то миёни кас мерасад, зан тавонистааст худро ба дор овезад?

Зарина Ҳабибова, модари ду фарзанд, дар деҳаи Тегрмии ноҳияи Нурообод худро овехта куштааст. Аммо пайвандоанш ба ин бовар намекунанд. Покуратураи ноҳияи Нуробод ин қазияро пайгирӣ мекунад. Ӯ ба қавли пайвандони шавҳараш, дар дохили хона худро ба дор овехтааст. Бародари Зарина Ҳабибова гуфтааст,ки пеш аз ин ҳодиса «миёни ӯ ва пайвандони шавҳараш ҷангу нофаҳмӣ рух додааст. Пас аз ин, ӯ ба хонаи аммаам рафтааст. Хусураш (падари шавҳар) ӯро боз ба хона мебарад, вале шавҳараш телефонӣ аз Русия талоқ медиҳад.»
Бародари Ҳабибова гуфтааст,ки пас аз он ки аз ҷудо шудани хоҳарашон огоҳ шуданд, як узви оиларо фиристоданд, то ӯро ба хонаи волидон биорад. Ӯ гуфтааст,ки тақрибан ним соат пеш аз ҳодиса бо хоҳараш аз Русия суҳбати телефонӣ дошт.
«Соати 14:25 (21-уми март) бо вақти Тоҷикистон бо ӯ суҳбат доштам. Баъд аз ман хоҳари дигарам бо ӯ суҳбат кардааст, аммо вақте бародарам соати 15:15 ба хонаи ӯ мерасад, ҷасадашро дар оғил меёбад» –гуфтааст ӯ .
Дар як наворе, ки аз ҷои ҳодиса гирифта шудааст, наздикони ӯ ҳалқаи дор ва баландии сақфи биноро нишон дода, мепурсанд, чӣ гуна дар ин боми паст ва ресмоне, ки то миёни кас мерасад, зан тавонистааст худро ба дор овезад. Ҷасади Зарина Ҳабибоваро рӯзи 22-юми март дафн кардаанд.Дар инбора «Озодӣ» хабар додааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *