Заур Дахте

Заур Дахте — филмбардор ва аксбардори маъруфи тоҷик даргузашт

Заур Дахте, филмбардор ва аксбардори маъруфи тоҷик дар пайи як садамаи нақлиётӣ дар роҳи Варзоб ба ҳалокат расидааст.

Гуфта мешавад, ки ба худраве, ки ӯ идора мекард, мошини боркаш бархӯрда, номбурда дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Ҳодиса дар километри 34-ум шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ дар Варзоб иттифоқ афтодааст.

Яке аз пайвандони Заур Дахте ба pressa.tj хабар дод, ки дар мошин ҳамсар ва фарзанди марҳум ҳам будаанд, ки ҷон ба саломат бурдаанд.

Заур Дахте соли 1936 дар Доғистон ба дунё омадааст. Ӯ факултаи наворбардории ВГИК-и Маскавро хатм намудааст.

Заур Дахте чун наворбардори филмҳои Абдураҳмони Ҷомӣ (1964), «Намоиш» (1976), «Мирзо Турсунзода-70» (1981), «Маликаи мо» (1983), «Вохӯриҳои моҳи сентябр» (1987), “Рустам ва Суҳроб” ва ғайраҳо машҳур аст.

Ҷанозаи Заур Дахте пагоҳ, 16-уми август соати 12:00 дар кӯчаи Нусратулло Махсум 73/3 баргузор мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *