Зайнаб Нур — Афғонистон

Хона

Ҳис мекунам, ки панҷара бехона мешавад,

Сақфе, ки чатри мост зи бегона мешавад.

Ҳис мекунам, ки қомати девор мечакад,

Дарвозаҳо шикаставу бешона мешавад.

Аксе ҷудо мешавад аз қоб бар замин,

Фарёдҳои ваҳшию девона мешавад.

Қолӣ зи ҷисми хеш ба ҳар гўша медавад,

Пурпечу тор-тори ғарибона мешавад.

Дар дасти пири тоқча ногаҳ арўсаке,

Хаста зи рақси кўкии мастона мешавад.

Гулҳои сабзи боғчаро хор мехўрад,

Хаста ду боли обии парвона мешавад.

Аз самти ваъдаҳои ту ғам ханда мезанад,

Қаҳтии хандаҳои самимона мешавад.

Ҳис мекунам, ки дасти касе мебарад туро,

Захмӣ зи инфиҷор ҳама хона мешавад.

***

Коғазӣ

Дунёст пур зи ишқи ду паҳлўи коғазӣ,

Гулҳои рўи миз пур аз бўи коғазӣ.

Колои вожаҳост, ки тавлид мешавад,

Арза шуда ғазал ба ҳаёҳуи коғазӣ.

Фарқе намекунад, ки чӣ ҳис мекунӣ дарун,

Берун фикан таварруми пуррўи коғазӣ.

Бар матни ҷангалии дарахтон зи ҳошияст,

Парҳои пар-парии парастўи коғазӣ.

Аз ишқи фалсафӣ дигар ҳарф ҳам назан,

Мурда ҳазор бор Арастуи коғазӣ.

Тазмин бикун ривояти ҳисси нагуфтаро,

Арна, ишқи тоза алактуи коғазӣ.

Ҳоло, ки зиндагии туро хок бурдааст,

Фоле бизан ба қуръаи бонуи коғазӣ.

***

Дер

Ҳавои омаданат шод, роҳи хона  сапед,

Тамоми шаҳр тилоӣ, шабу шабона сапед.

Ҳавои омаданат мисли барфи тозаву тар,

Ба шаҳри қутбии мо барфи дона-дона сапед.

Ба шаҳри қутбии мо ҳашти шом омаданат,

Чу ҳафти субҳи нигоҳи ту ошиқона сапед.

Қасам, ки омаданат рост мешавад ин бор,

Задам ду фол ҳама хубу бебаҳона сапед.

Гузориш аст бароят каме зи ҳоли худам,

Ки дасти пири замон аст золимона сапед.

Фусуни чашми сиёҳам шуда фидои сарат,

Ва шоми зулфи сиёҳам ба рўи шона сапед.

زینت نور- افغانستان

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *