Ӯзбекҳо дар Фаронса ҳайкали Синоро гузоштанд
Шаҳрвандони шаҳри Бухорои Ӯзбекистон дар Фаронса ҳайкали Абӯалӣ ибни Сино — ҳаким ва файласуфи шарқро гузоштанд. Пардабардорӣ аз рӯйи ин муҷассама ба муносибати 20 солагии бародаршаҳрии Бухоро ва Рюэй-Малмезон дар ин шаҳр сурат гирифт.
Шаҳрвандони шаҳри Бухорои Ӯзбекистон дар Фаронса ҳайкали Абӯалӣ ибни Сино — ҳаким ва файласуфи шарқро гузоштанд. Пардабардорӣ аз рӯйи ин муҷассама ба муносибати 20 солагии бародаршаҳрии Бухоро ва Рюэй-Малмезон дар ин шаҳр сурат гирифт. Дар ин бора «АН Podrobno.uz.» хабар медиҳад.
Маросими гузоштани ин муҷассама бо ширкати ҳокими вилояти Бухоро Ӯктам Барноев ва шаҳрдори Рюэй-Малмезон Патрик Оле баргузор шуд. Ҳамчунин, аз фаъолони ду бародаршаҳр наздики 500 нафар меҳмонон дар маросим ҳузур доштанд.
«Ман ифтихор мекунам, ки дар сарзамини мо муҷассамаи табиб ва файласуфи бузург Абӯалӣ ибни Сино қомат афрохт… Умедворам, ки ҳаким Сино дӯстии ду шаҳр ва ду давлатро боз ҳам мустаҳкамтар мекунад ва мо дар бисёр масоил ҳамкорӣ мекунем» — гуфт, шаҳрдор Патрик Оле.
Рюэй-Малмезон 14 км дуртар аз Париж ҷойгир буда, дар асри 12 бунёд шудааст. Бо ин шаҳр номи Наполеони I, Жозефина Бонапарт, Салватор Адамо ва дигар бузургон алоқаманд аст.
Гузоштани муҷассамаи Сино дар ҳолест, ки дар садаи охир ӯзбекҳо ин ҳакими барҷастаи тоҷику форсро ба далели дар Бухоро зода шудану камол ёфтанаш «турк» ва «ӯзбек» ном мебаранд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ