Ӯзбекистон: Бояд Юлдошев мешуд, аммо Мирзиёев шуд
Шавкат Мирзиёев иҷрокунандаи вазифаи президенти Узбекистон таъин шуд.
Ин тасмим дирӯз дар ҷаласаи якҷояи ду шохаи парлумони Узбекистон гирифта шуд. Бар асоси моддаи 96-и Конститутсияи Узбекистон бояд иҷрокунандаи вазифаи президент раиси Сенати Маҷлиси Узбекистон Неъматулло Юлдошев таъин мешуд. Аммо ба иттилои “Интерфакс” Юлдошев номзадияшро бозпас гирифтааст.
Ҳамчунин ҷаласаи муштаракаи Парлумони Узбекситон замони баргузории интихоботи президентро дар ин кишвар моҳи декабр таъин намуда, вале санаи дақиқи онро эълом накардааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ