Зебосанами тоҷик Тоҷикистонро муаррифӣ намуд

Таҳсили духтарон дар донишгоҳу донишкадаҳои кишварҳои хориҷӣ шаҳодат аз ҷаҳонбинии васеи занону бонувони тоҷик медиҳад. Нисо Рустамова аз зумраи чунин бонувонест, ки айни замон дар  Консерваторияи давлатии Қазон ба номи Насиба Ҷинагова дар риштаи асбобҳои зарбӣ таҳсил мекунад.

Санъаткор шудан ҳавас буд ё тасодуфӣ

Нисо Раҳимова зодаи Тоҷикистон буда, дар Русия зиндагӣ ва таҳсил мекунад. Ӯ аз хурдӣ ба санъат ва мусиқӣ рағбати беандоза дошт ва ин муҳаббатро замоне бештар дарк кард, ки 7 сол дошт ва хулосаи худро баровард, ки ҳаёти минбаъдаи ӯ ба мусиқӣ ва санъати зарбу мавҷи овозҳо пайвастагии ногусастанӣ дорад ва ҳамин буд, имрӯз дастболо гашт ва ҳам муасиссаи таълимиашро муаррифӣ намуду ҳам зодгоҳашро.

Нисо чӣ гуна ба озмун роҳ ёфт?

Саҳифаи “Марвориди ҷаҳон-2023” дар сомонаи “ВКонтакте”, ки аз ҳаёт ва навгониҳои санъаткорони вилояти Қазони Федератсияи Русия хабар медиҳад, ин навбат дар бораи Нисо Раҳимова, тоҷикдухтаре, ки дар озмуни “Зебосанам-2023” ҷои аввалро соҳиб гашт, суҳбати кӯтоҳеро нашр кардааст.

Нисо Раҳимова замоне фаҳмид, ки миёни донишҷӯдухтарони муассисаҳои олӣ ва миёнаи Тотористон озмун эълон шудааст, довталабии худро ба суроғаи эълонгардида фиристод. Тавре “Марвориди ҷаҳон-2023” менависад, ин озмун аз рӯи шаш номинатсия роҳандозӣ шуда, дар он 36 довталаб аз 15 кишвари ҷаҳон дархости иштирок фиристоданд.

Фарҳанги тоҷикӣ дар озмуни Русия

“Бонуи самимӣ” яке аз критерияҳои эълонгардидаи ин озмун буд ва Нисо, тоҷикдухтаре, ки дар Русия таҳсил мекунад, аз миёни иштирокчиён беҳтарин дониста шуд. Ӯ ба мисли дигар иштирокчиён либоси миллии духтарона, асбобҳои мусиқӣ ва таомҳои миллии кишварамонро намоиш додааст. Аъзои ҳакамони ин озмун баъд аз машварат ба қарори ниҳоӣ расида, “Нисо Рустамова аз Тоҷикистон” гӯён, ин тоҷикдухтарро ғолиби бахши «Бону самимӣ” (Мисс чуткость) эълон кард.

Нисо тоҷиконро чӣ гуна васф кард?

Вақте ба Нисо имконият доданд, ки кишвари худро ба иштирокчиёни озмун муаррифӣ намояд, гуфт: «Баъзан ва то ҳоли ҳозир исбот карданиам, ки тоҷикон мардуми хеле оқилу хирадманд буда, дорои фарҳангу таърихи бою ғанӣ ҳастанд».

Нисо вақтҳои берун аз таҳсилашро ҳамроҳи дӯстонаш мегузаронад. Ӯ чунин меҳисобад, ки ошноӣ пайдо кардан бо урфу одатҳои дигар кишварҳо имконият медиҳад, то ҷаҳонбинии фарҳангии худро бою ғанӣ намуда, қолабҳои шахшударо аз байн бубарӣ ва ба мардум гуногунии ҷомеаи ҷаҳониро нишон бидиҳӣ.

Ҳамчунин, номбурда дар як суҳбаташ ёдовар шудааст, ки “Марворид” намегузорад касе бе меҳнат ғолибият ба даст биёрад. Яъне, ӯ барои муваффақ шудан дар озмун талошҳои зиёд кардаву шукр мекунад, ки меҳнатҳояш қадрдонӣ шуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *