Зебосанами тоҷик: Бароям аз тоҷ дида, шарафу номус муҳимтар аст

Зебосанами тоҷик Сабрина Зуҳурова дар саҳна  бо “бикини”  рақс карданро рад карда ва гуфт, дар озмунҳои зебоии байналмилалӣ ширкат нахоҳад кард. 

Сабрина Зуҳурова, ки Тоҷикистонро дар озмуни зебоии “Miss Tourism World” намояндагӣ мекард, чанд даврро гузашта, ба “Панҷгонаи беҳтарин” шомил шуда буд.

«Ин ширкати нахустини ман дар озмунҳои зебоии байналмилалӣ нест. Ман бо худ пӯшок гирифта будам, ки ҳамаи аъзои баданро мепӯшонад, вале баргузоркунандагон ба мо пӯшоки қариб бараҳнаи ранги зард пешниҳод карданд ва ман албатта аз ин намоиш даст кашидам. Бале, ман домани кӯтоҳ мепӯшам, ман мудел ҳастам, вале ин маънои онро надорад, ки ман метавонам бараҳна ба саҳна бароям», — гуфт Сабрина.

Ба эътиқоди ӯ, барояш аз тоҷ дида, шарафу номус муҳимтар аст.

 Ширкати Сабрина дар озмуни зебоӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳси гармеро барангехт. Ӯро  шарҳҳои беҷо дар шабакаҳои иҷтимоӣ нороҳат кардааст. Сабрина бо таассуф мегӯяд, замоне ба Ватан бозгашт, ба ҷои пешвоз ва дастгирӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштаҷоти беҷоро дид.

 «Ман дар ин озмуни бонуфуз Тоҷикистонро муаррифӣ кардам, ба панҷгонаи беҳтарин шомил шудам, ба ҷои дастгирӣ, дар шарҳи аксҳоям алфози беҷоро дидам», — мегӯяд бо таассуф Сабрина Зуҳурова.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *