Журналистон аз фаъолияти корхонаҳои Хуҷанд шинос шуданд
Гурӯҳи журналистон аз Душанбе ва вилояти Хатлон, ки чанд рӯзи охир дар Суғд қарор доранд, субҳи имрӯз аз фаъолияти корхонаҳои саноатии шаҳри Хуҷанд шинос шуданд.
Мухтор Боқизода, сармуҳаррири сомонаи Pressa.tj, ки ҳайати журналистонро ҳамроҳӣ дорад, иттилоъ дод, ки баъди вохӯрӣ бо намояндагони шаҳру вилоят, журналистон нахуст аз фаъолияти корхонаи » Текстилимпекс» шинос шуданд.
Корхонаи мазкур ба истеҳоли матоъи бахмал машғул буда, дар он 40 нафар ба кор ҷалб шудаанд.
Ин корхона 30 июли соли равон бо иштироки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шудааст. Гуфта мешавад, ки маҳсулоти корхона дар бозори дохил ва хориҷи кишвар талоботи бештар дорад.
Иттлоъ дода шуд, ки муассисони корхона соҳибкорони ватанӣ Замира Раҷабова ва Юсуфбек Раҷабов мебошанд.Масоҳати корхона наздики 1 гектар буда, дар он биноҳои сехи истеҳсолӣ ва маъмурӣ бунёд шудаанд. Таҷҳизоти ин корхонаи саноатӣ истеҳсоли Россия буда, дар он дар як шабонарӯз 120 метри мураббаъ бахмал тавлид мегардад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ