бино

Зилзила дар Туркияву Сурия, изтироб дар Тоҷикистон. Назорат шадид мешавад!

Пас аз заминҷунбии шадид дар Туркия ва Сурия ва дар пайи он хисороти бузург, маргу маҷруҳии даҳҳо ҳазор нафар, акнун дар Тоҷикистон биноҳои баландошёна аз санҷиш мегузаранд. Барои ин Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Тоҷикистон гуруҳи корӣ таъсис додааст.

Санҷиш дар куҷо мегузарад?  

Комиссия асосан биноҳои баландошёна ва иншооти сохташавандаро дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар аз санҷиш мегузаронад. Фармоишро раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Тоҷикистон Низом Мирзозода 18-уми феврали соли равон имзо кардааст. Комиссия муваззаф шудааст, ки то 10-уми марти соли равон натиҷаи санҷишро ба Кумитаи сохтмон ва меъморӣ расонад.

Дар фармоиш аз ҷумла омадааст: “Бо мақсади баҳодидиҳии риояи меъёру қоидаҳои шаҳрсозӣ, регламентҳои техникии сифати технологияи корҳои сохтмонӣ, мавод ва маснуоти сохтмонӣ, инчунин дигар санадҳои қонунгузории шаҳрсозӣ дар бино ва иншооти ба истифода додашуда дар давраи солҳои 2018-2022 ва сохтмонашон идомадошта дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар ва Хуҷанд таъсис дода шаванд”.

Дар банди дигар фармоиш чунин омадааст: “Бо дарназардошти амри раиси шаҳри Душанбе аз 15-уми феврали соли 2023, №33 “Оид ба таъсиси Гурӯҳи корӣ ҷиҳати омӯзиш, таҳлил ва баҳодиҳии эҳтимолияти рух додани заминларзаи шадид дар шаҳри Душанбе ва устувории сейсмикии воқеии иншоот ва биноҳои истиқоматии бисёрманзилаи ба истифода додашуда ва сохтмонашон идомадошта дар пойтахт” ҳайати гурӯҳи корӣ дар шаҳри Душанбе мутобиқи Амри мазкури Раиси шаҳри Душанбе амал намояд”.

Аз ин ду банд маълум мешавад, ки аъзои комиссия дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Бохтар, ки асосан бештар биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ ва маъмурӣ бунёд мешаванд, санҷиш мегузаронанд. Вале то куҷо дар биноҳои истиқоматии баитмомрасида, ки аллакай мардум дар онҳо зиндагӣ доранду аз камбудӣ орӣ нестанд, комиссия камбудиро бартараф мекунад ё ҷарима мебандад, вақт нишон медиҳад. Зеро сокинон аз биноҳои баландошёна, ки бо нархи гарон харидорӣ кардаанд, зиёд шикоят мекунанд: набудани майдончаҳои варзишӣ, лифтҳои арзону истифодаи масолеҳи сохмонии пастсифат ва ғайра.  

Назорати пурзӯр

Аммо аз нишасти матбуотии охири Низом Мирзозода — раиси Кумитаи сохтмон ва меъморӣ бармеояд, ки пас аз заминларзаи маргбор дар Туркия ва Сурия дар шаҳри Душанбе назорати мустаҳкам сохтани биноҳои бунёдшуда пурзӯр хоҳад шуд. Ӯ изҳор дошт, ки биноҳои баландошёна, ки дар шаҳри Душанбе сохта шудаанд ё сохта мешаванд, барои тобовар будан ба заминларзаи 8,5-9 балл пешбинӣ шудаанд.

Зеро барои бунёди иншоот дар ҷумҳурӣ вобаста ба минтақа бо назардошти фаъолияти сейсмикии маҳаллӣ иҷозат дода мешавад.

Ҳамчунин, номбурда қайд кард, ки пас аз заминларза дар Туркия ба масъалаи мустаҳкамии биноҳо, аз ҷумла, биноҳои истиқоматӣ таваҷҷуҳи хоса дода мешавад. Кумита барои санҷидани мустаҳкамии таҳкурсии иншооти сохташаванда озмоишгоҳи вижа ташкил хоҳад кард ва ин гуна санҷишҳо ҳатмӣ хоҳанд шуд.

«Зилзилаи фоҷиабор дар Туркия нишон дод, ки баъзе биноҳо маҳз аз поён фурӯ рехтанд, ҳарчанд биноҳо дар чунин вазъ аз боло тахриб мешаванд»,- таъкид кард Низом Мирзозода.

4800 камбудӣ дар бахши сохтмон

Раиси Кумитаи сохтмон ва меъмории Тоҷикистон изҳор медорад, ки дар биноҳое, ки мутахассисон камбудӣ пайдо кардаанд, соҳибонашон беш аз 1 миллион сомонӣ ҷарима шудаанд. Дар сохтмони биноҳо наздики 4800 камбудӣ ошкор шудаааст. “Айни ҳол дар ҳудуди ҷумҳурӣ 886 сохтмони иншоот ҷараён дорад”,- изҳор доштааст Н. Мирзозода.

Бино ба иттилои Кумитаи сохтмон ва меъморӣ, дар соли 2022 ба масоҳати умумии 1,7 миллион метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ба истифода дода шудаанд, ки нисбат ба соли 2021-ум 19 фисад зиёд аст. Инчунин, давоми соли гузашта дар ҳудуди кишвар 1 миллиону 750 ҳазор метри мураббаъ бинои истиқоматӣ ба истифода дода шудааст. Илова бар ин, дар соли 2022 дар манотиқи мухталифи кишвар иншооти сершумори иҷтимоӣ ба истифода дода шудаанд.

Дар пайи таъсиси комиссия як фаъоли шабакаи иҷтимоии “Фейсбук” навишт, ки арматураҳои дар Тоҷикистон истифодашаванда ба стандарт чандон ҷавобгӯ нестанд. “Арматураи тамғаи 16 мехарам гӯед, бароятон арматураи тамғаи 14 медиҳанд. Лекин дар он муҳри 16 задаанд. Ҳамаи биноҳои баъд аз 2018-ум солро бояд дар вақташ месанҷиданд… Мебинем, ки  чанд бино аз санҷиш мегузарад ё не. Агар ҳамааш ҷавобгӯ бошанд, сабабаш маълум мешавад. Бигзор барои халқ тариқи расонаҳо фаҳмонанд, ки биноҳо ҷавобгӯ ҳастанд ё не…”,- менависад корбаре дар “Фейсбук” пас аз расонаӣ шудани таъсиси комиссия оид ба санҷиши биноҳо.

Воқеан, дар мавриди сифати сохтмони биноҳо дар ҷаласаи ахири Ҳукумати кишвар низ изҳори нигаронӣ карда шудааст. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин супориш додааст, ки дар ин самт корро ҷиддӣ ба роҳ монанд. Таъсиси чунин комиссия барои санҷиши биноҳо низ пас аз супориши Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт.

Ба назари инҷониб, агар комиссия дар рафти санҷиш камбудиҳои ҷиддиро ошкор кунанд ва онро расонаӣ намоянд, рақобати солимро байни пудратчиёни сохтмон ба миён хоҳад овард. Эътимоди мардум низ ба биноҳо, махсусан биноҳои истиқоматии баландошёна бештар мегардад. Зеро дар шароити Тоҷикистон нархи хона хеле гарон буда, на ҳамаи онҳое, ки бо маош кору зиндагӣ мекунанд, имкони соҳиби манзили шахсӣ шуданро доранд.

Усмон РАҲИМЗОДА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *